Семинари машваратии фосилавии Лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим» баргузор гардид

Февраль 18, 2017 11:10

ДУШАНБЕ, 18.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ ҷамъшавии боришот дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2016-2017 дар ҳавзаҳои дарёҳои ҷумҳурӣ аз меъёр зиёд мебошад. Аз ҷумла, он дар ҳавзаи дарёи Панҷ 163% -ро ташкил дод ва мувофиқи нишондиҳандаҳои барфсанҷӣ обнокии барф дар ҳавзаи дарёи Панҷ аз меъёр зиёд (110-125%) пешбинӣ шудааст, ки ин ба хатари обхезӣ мансуб мебошад.
Бо ин мақсад 10 феврали соли равон аз ҷониби Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Раиси Комиссияи давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода дар маҷлиси васеъ оид ба ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ дар панҷ соли охир ба вазорату идораҳои дахлдор оид ба пешгирӣ ва бартараф намудани ҳолатҳои фавқулода супориши қатъӣ дода шуд.
Дар робита ба ин супориш, 16 феврал дар шаҳри Душанбе семинари машваратии фосилавӣ дар доираи татбиқи лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим» баргузор гардид. «Мақсади семинари фосилавӣ аз арзёбии ҷараёни татбики лоиҳа дар муқоиса бо марҳилаҳои назоратии нақшаи мониторинги лоиҳа, омўзиши натиҷаҳои пешакӣ, афзалиятнокӣ ва таъсиргузории лоиҳа дар асоси натиҷаҳои пурсиши афкори омма иборат буд»,-хабар доданд аз Маркази татбиқи лоиҳаи «Таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба тағйирёбии иқлим».

Февраль 18, 2017 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вобаста ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Насби пойгоҳи базавӣ чӣ қадар арзиш дорад?
Тоҷикистон ва Узбекистон татбиқи лоиҳаҳои манфиатбахши муштаракро баррасӣ намуданд