Элитаи сиёсии Тоҷикистон киҳоянд?

Февраль 16, 2017 14:31

ДУШАНБЕ, 16.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, дар давраи ҷаҳонишавӣ, рушди технология ва мухолифатҳои иттилоотӣ чи гуна элитаи сиёсӣ доштани ин ё он кишвар омили муҳим ва ҳалкунанда аст.

Элитаи сиёсӣ чист? Ин гурӯҳи сиёсии ҳукмрон ва соҳибимтиёзест, ки дар сохторҳои ҳокимият мавқеи роҳбарӣ дорад ва дар қабули қарорҳои муҳими марбут ба давлатдорӣ  бевосита иштирок менамояд.

Мунозира дар бораи сифати элитаи сиёсӣ дар Тоҷикистон ва оё ин гурӯҳ ба самти барои шукуфоии давлату миллат зарур оммаи мардумро аз паси худ бурда метавонад, масъалаи муҳим мебошад.

Ба ақидаи таҳлилгар Нуралӣ Давлат, «элитаи имрӯзаи тоҷик маҳсули бевоситаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 90 аст. Дар айни ҳол дар Тоҷикистон ягон элитаи дигар низ пешбинӣ намешавад». Қисман ҳақ ба ҷониби ӯст ва месазад муайян кард, ки оё ин қисми ҷомеа дар роҳ ба сӯи пешрафт, сулҳ ва некӯаҳволӣ пешсаф, бонуфуз ва неруи воқеии пешбарандаи миллат аст?

Ёдовар мешавем, ки мафҳуми «элита» (аз калимаи фаросавии elite-беҳтарин, яккачин) дар ҷомеашиносӣ ва сиёсатшиносӣ табақаи олии  сохтори иҷтимоии ҷомеаро ифода мекунад, ки татбиқи вазифаи муҳими давлатӣ ва фарҳангиро ба уҳда дорад. Ба намояндагони он тибқи нишонаҳои фаъолияташон-сиёсӣ, техникӣ, иҷтимоию равонӣ-аз зиддидемократӣ то либералӣ фарқ мегузоранд. Аз рӯи таърифи олими олмонӣ К.Манхейм, дар ҷомеашиносии муосир бисёр консепсияҳои элитаҳо (сиёсӣ, иқтисодӣ, маъмурӣ, низомӣ, динӣ, илмӣ, фарҳангӣ) пешниҳод шудаанд, ки мувозинати якдигарро таъмин ва истиқрори сохти тоталитариро пешгирӣ мекунанд. Биноан, масъалаҳои ташаккул, интихоб, ивазкунӣ ва ҳавасмандгардонии элитаҳо муҳиманд. Сарчашмаҳои таърихӣ ва ёдгориҳои адабии тоҷику форс қайд кардаанд, ки  назарияи оид ба ашрофи (ба маънии «элита», «аристократия») сиёсӣ дар асарҳои классикони бузург инъикос ёфта, аз гузаштагони мо сарчашма мегирад. Аз рӯи мушоҳидаҳои яке аз олимони муосири тоҷик, «ташаккул ва рушди назарияи оид ба элитаҳо яке аз самтҳои асосии илми давлатдорӣ дар тӯли тамоми рушди таърихии халқҳо маҳсуб мешавад».

Даврони навтарин ва воқеияти муосир пешвоёни сиёсии дорои гуна ва тафаккури навро тақозо мекунанд.

Kto-elita-4

Ба онҳое, ки тибқи анъанаҳои меъёрии анъанаҳои коммунистӣ тарбият ёфтаву аз рӯи андозаҳои шӯравӣ (ба қавле, на он қадар бад) ченакгир шуда буданд, зарур омад, ки бо равиши таърих бозомӯзӣ кунанд, дар миёни ба ном демократҳои доқиюнусиву омада ва исломигароёне, ки таъми озодиро  чашидаанд, роҳ ёбанд. Таҷриба ва дониши андӯхтаи худро ба воқеияти тағйирёфта мутобиқ гардонанд. Агар барои мансабдорони шӯравӣ манфиатҳои давлати шӯравӣ дар ҷои аввал меистод, пас дар давлати соҳибистиқлол ин манфиатҳо шакли миллӣ касб намуданд.

Элитаи ҳозираи тоҷик дар шароити душвори ҷанги шаҳрвандӣ ташаккул ёфт. Вақт интихоби табиии сиёсии худро анҷом дод – онҳое зинда монданд, ки қавитарин, нисбатан хирадманд ва ба маротиб ояндадор буданд. Онҳо на «бо сарнайзаҳо», балки, баръакс, бо ҳадафҳои нек, ниятҳои оштӣ додану сулҳ кардан бо мухолифини сиёсии худ ба сари қудрат омаданд. Аз рӯи инсоф бояд зикр намоем, ки расман бисёр буданд онҳое, ки барои қудрат талош меварзиданд, вале танҳо Эмомалӣ Раҳмон ҷуръат кард, ки масъулияти қонуниро барои ояндаи кишвар ва мардум ба зиммаи худ гирад. Ӯ ҷавонтарин роҳбари давлат дар фазои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ буд ва имрӯз Пешвои миллат эътироф гардид. Солҳои 90 ӯ рақиби сазоворе надошт. Ҳамчунин, дар интихоботи баъдинаи президентӣ низ рақибони асосии ӯ аз Иттиҳоди неруҳои ислоҳотхоҳи Тоҷикистон муддати зиёд доир ба номзадашон ба қароре омада натавонистанд.

Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон кадрҳои аз лиҳози истеъдод ва зеҳн қавие лозим буданд, ки барои  ташкили ҳокимияти касбӣ, муттаҳид кардани неруҳои солим, таъмин намудани ризоияти байниминтақавӣ ва муҳимтар аз ҳама, қатъ гардонидани харобшавии минбаъдаи иқтисодиёт ва тороҷи кишвар қобилият дошта бошанд.

Тадриҷан Эмомалӣ Раҳмон дар атрофи худ гурӯҳи одамони боғайрат ва ҳамфикрро ҷамъ овард. Дар байни онҳо мансабдорони назариётчӣ камтар ва истеҳсолгарони кордон бештар буданд. Дар Тоҷикистон пас аз ҷанги 5-солаи шаҳрвандӣ ҳукумати эътилофӣ ташкил карда шуд. Дар сафи он хатмкунандагони макотиби олии ҳизбии Москва, Ленинград, Тошканд, Минск ва роҳбарони сатҳи миёна кам набуданд. Дар амал маълум гардид, ки маҳз онҳо нисбат ба ҳиссамандони беташаббуси 30-фоизаи Иттиҳоди мухолифини тоҷик, ки аз пайдо кардани ҷой дар ҳукумат хеле қаноатманд буданд ва худро дар кор на он қадар фаъол нишон медоданд, соҳибкасбтар ва коршоямтар будаанд. Имкониятҳо барои элитаи сиёсии нав шудан ба ҳарду ҷониб тибқи таносуби мувофиқагардида пешниҳод шуда буданд. Аксарият аз уҳдаи кор набаромаданд ва бо қонун дар ихтилоф қарор гирифта, дар нимароҳ монданд. Дар сари қудрат насли чилсолаҳо боқӣ монд, ки санҷишу иштибоҳотро паси сар карда, оҳиста-оҳиста, вале содиқона давлати соҳибистиқлоли ҷавонро аз харобиҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба роҳи осоишта баровард ва тавонист Тоҷикистонро соҳиби эътироф ва эътибори байналмилалӣ гардонад.

Бо мурури замон ҳукумати  ҷавон ба камол мерасид, хирад ва таҷриба меандӯхт. Ин як раванди табиист, вале бояд ба назар гирифт, ки ҳолатҳое низ кам нестанд, вақте ки «бо сол бузурганду бо ақл ҷавон».

Давлатро бояд шахсони хирадманди ботаҷриба роҳбарӣ намоянд. Шаҳрвандон миёни таҷриба, хирад, ояндадорӣ ва ҷавонӣ ба хотири  субот, эътимод ва осоиши худ ба роҳбарони солоре раъй медиҳанд, ки обрӯи ҷаҳонӣ ба даст овардаанд. Феълан Конститутсияи аксари кишварҳо барои президент синну соли ниҳоиро пешбинӣ накардааст. Афзоиши давомнокии ҳаёти фаъолонаи инсон, бесуботии замон ва вазъи сиёсӣ ба қонунҳои иҷтимоӣ дигаргуниҳо ворид намуданд. Баъдан аз ҳисоби созмонҳои ҷавонони дар кишвар фаъол ва ё аз ҳисоби мутахассисони ҷавони дар хориҷи кишвар таҳсилкунанда насли ҷойнишини фаъол ба воя мерасаду омода мешавад.

Тибқи ақидаи маъмул, ҳар шахси аввал барои тайёр кардани ворис кӯшиш ба харҷ медиҳад. Бо итминон метавон гуфт, ки Президенти ҳозираи Тоҷикистон метавонад аз миёни насли нави ҳаматарафа ба камолрасида ба маънии том элитаи сиёсии миллиро интихоб бикунад.

 

                                                                                     Тамара ОБИДОВА

 

Февраль 16, 2017 14:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд
СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим 7 апрел Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ эълон шудааст
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?