Фонди китобхонаҳои шаҳри Кӯлоб ғанӣ мегардад

Февраль 22, 2017 17:38

КӮЛОБ,  22.02.2017  /АМИТ  «Ховар»/.  Бо мақсади ғанӣ гардонидани фонди китобхонаҳо, ҷалби бештари сокинон ба китобхонӣ ва баланд бардоштани сатҳи маънавиёти сокинон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои назаррас анҷом меёбанд. Аз ҳисоби маблағҳои давлатӣ ва ба воситаи корвони китоби  Вазорати фарханги  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба китобхонахо садҳо адад адабиёти тозанашр ворид гардида, дастраси хонандагон мегарданд.

Ба   иттилои   Қурбон Намозов, директори китобхонаи марказии шаҳри Кӯлоб аз  Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба китобхонаи марказии шаҳри Кӯлоб 1000 адад китоб ва аз ҳисоби буҷаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 560 нусха адабиёти тозанашр ба маблағи 8000 сомонӣ харидорӣ гардидааст.

Барои фароҳам овардани шароти зарурӣ ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани фаъолияти китобхонахҳои шаҳрӣ ва деҳот дар баробари таъмин бо китоб, ҳамчунин давоми се соли охир ба маблағи 18 ҳазор сомонӣ мизу курсӣ ва рафҳои китоб дастрас карда шуданд.

Дар  аксари китобхонаҳои шаҳру деҳот мутахассисони ҷавон ба кор қабул шудаанд, ки ин метавонад ба пешрафти соҳа мусоидат кунад.

 

Февраль 22, 2017 17:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд