Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масири роҳи Душанбе-Чаноқ дидан намуд

Феврал 22, 2017 17:11

Хабарҳои мавзӯъ

IMG_4463

ДУШАНБЕ, 22.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз масири роҳи Душанбе-Чанок дидан намуд. Иқдоми мазкур қобили мулоҳиза ва арзандаи ситоиш буда, далели возеҳи он аст, ки роҳбарони сохторҳои дахлдор зарурати ҳамоҳангии фаъолиятро ба таври бояду шояд дарк намудаанд.
Бар асари боришоти аз ҳад зиёди барф ва фаромадани тарма вазъ дар минтақаҳои баландкӯҳ ва шоҳроҳҳои асосии мамлакат мураккаб шуда, боиси хисороти зиёди иқтисодӣ ва талафоти ҷонӣ гардид. Бо назардошти ҳолати баамаломада гурӯҳ дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконияту иқтидори мавҷудаи кишвар ба рафъи оқибатҳои боришоти зиёди барфу борон, селу обхезиҳо, тармафароӣ ва дигар ҳодисаҳои геологию гидрологӣ сафарбар шуд.
Тавре маълум аст, аз 27 январи соли равон инҷониб бар асари боришоти зиёди барф ва тармафароӣ аз километри 48 то 84-уми роҳи Душанбе-Чаноқ мушкилоти зиёд рӯи кор омада, ба ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва бехатарии шаҳрвандон халал ворид намуд.
Дирӯз, 21 феврал гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ таҳти сарварии муовини Сарвазири мамлакат Маҳмадтоҳир Зокирзода дар ҳайати Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини якум ва муовини Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ, раиси ноҳияи Варзоб ва дигар масъулон аз масири Душанбе Чаноқ боздид ба амал оварда, дар минтақаҳои аз офати табиӣ зиёдтар осебпазири роҳ бо раванди бартарафсозии пайомадҳои офати табиӣ аз ҷониби кормандони филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» бевосита шинос шуданд.
Директори филиали Ширкат Асомиддин Азизов дар раванди суҳбат бо аъзои ҳайати мазкур зикр кард, ки дар натиҷаи ин офати табиӣ, ки давоми солҳои охир бесобиқа маҳсуб мешавад, зиёда 25 километр роҳ пурра зери тарма монда, ҳаракат дар ин масири роҳ муваққатан қатъ гардидааст. Таъкид шуд, ки ҳамрадиф бо дигар сохторҳо, филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ҳолати баамаломада корҳои иттилоотониро беш аз пеш тавсеа бахшида буд. Далели возеҳи ин суханон роҳандозии смс-хабар, пешниҳоди маълумоти муфассал дар сомонаи филиали Ширкат оид ба вазъи роҳ ва номусоидии боду ҳаво, насби таблои бузург дар даромадгоҳи Чорбоғ ва ғайра мебошанд, ки бо фарорасии фасли сармо ба таври густурда амалӣ шуда, дар айни замон низ идома доранд. Дар робита ба ҳолати мазкур 148 адад техникаи роҳдории филиали ширкат фаъол мебошад. Танҳо аз километри 48 то 84-уми роҳ 44 техникаи пуриқтидори филиали ширкат фаъолияти шабонарӯзӣ доранд. Асомиддин Азизов иброз дошт, ки ҳамарӯза аз тарафи кормандони филиали ширкати зикршуда 70-80 тармаи калонҳаҷм бартараф мешаванд. Дар баъзе ҳолатҳо паҳноии тармаҳо 500 ва баландиашон то 40 метрро ташкил медиҳад. Нафарони бо кумаки «IRS» аз банди тарма раҳошуда, дар айни ҳол дар ҷои бехавф қарор дошта, аз ҷониби ин ширкат бо хӯроки гарм таъмин шуда истодаанд. Роҳбарияти филиали ширкат тамоми кӯшишҳоро ба харҷ дода истодаанд, то дар наздиктарин фурсат шахсони раҳошударо ҷониби Душанбе ё самти ноҳияи Айнӣ интиқол диҳанд.
Аъзои ҳайати Ҳукумати ҷумҳурӣ ба фаъолияти шабонарӯзии кормандони «IRS» баҳои баланд дода, беш аз пеш тавсеа бахшидани ҳамкории тарафайнро муҳиму саривақтӣ ва заруру ногузир арзёбӣ намуданд. Сипас, онҳо бо коргарони роҳ суҳбати самимӣ ороста, ба онҳо дар иҷрои вазифаи масъулиятнокашон барор таманно карданд.
Роҳбарият ва аҳли кормандони филиали Ширкат ба ин нафарон барои ҳусни таваҷҷуҳ ба раванди фаъолият ва дастгирии беғаразона арзи сипос намуда, муътақиданд, ки чунин тарзи кор бояд доимӣ бошад.

IMG_4464

Феврал 22, 2017 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Танзим-0Имсол ба қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» 10 сол пур мешавад: вақт, ҳамчун довари ҳақ, зарурияти ин санадро собит намуд
вазири мехнат бо корея 0657Мутахассисони баландихтисоси касбӣ имкон доранд дар Ҷумҳурии Корея бо кор таъмин гарданд
VM1A0253-300x200Ҷаласаи 12-уми Гурўҳи кории муштараки Тоҷикистону Россия дар Душанбе
Хилоли Ахмар-0Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ба зарардидагони заминларзаи ВМКБ кӯмак мерасонад
АзимИстифодаи самараноки гармӣ дар пойтахт асосан аз омода гардидани ноҳияи Сино вобастагӣ дорад
Абдуджаббор Р.Ҳамкориҳои Тоҷикистону Россия боз ҳам бештар тавсеа меёбанд
Ремонт-4«IRS» дар мавсими нав ба таъмири роҳҳо шурўъ намуд
DSC_0006Нурулло Маҳмадуллозода: «Мақсади авф кумак ба муҳоҷирон ҷиҳати қонунӣ намудани будубоши худ дар ҳудуди Федератсияи Россия мебошад»
Легализация-2Ба таваҷҷуҳи муҳоҷирони меҳнатӣ! Расмикунонии будубоши муҳоҷирони меҳнатӣ-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия
Иброхим Ахмадов МиграцияМанъи вуруди шаҳрвандони Тоҷикистон ба Федератсияи Россия бекор карда мешавад
Хаво 7Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳавои офтобӣ дар назар дошта шудааст
Бори аввал дар ДушанбеБори аввал дар Душанбе Шоу-барномаи лазерии видео-мэппинг баргузор гардид