Хонандагони шаҳри Қӯрғонтеппа дар олимпиада соҳиби 41 медал гаштанд

Февраль 11, 2017 11:03

ДУШАНБЕ, 11.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Даври сеюми олимпиадаи фаннӣ дар маркази вилояти Хатлон-шаҳри Қӯрғонтеппа ба анҷом расид. Дар он 120 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Қӯрғонтеппа қувваозмоӣ намуда, сазовори 41 медал, аз ҷумла 9 медали тилло, 13 медали нуқра, 19 медали биринҷӣ ва 13 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Онҳо дар умум 29% медал ва ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон,  дар ин ҷода саҳми хонандагони Литсейи №1 бо гирифтани 13 медал ва ҷойи ифтихорӣ, мактаб-интернати физикӣ-математикии «Ориёно» бо гирифтани 5 медал ва 3 ҷойи ифтихорӣ, Мактаби бачагони лаёқатманди шаҳр бо гирифтани 6 медалва 4 ҷойи ифтихорӣ назаррас аст.

Дастовардҳои хонандагони ин мактабҳо бозгӯйи масъулияти баланди омӯзгорони ин муассисаҳои таълимӣ дар таълиму тарбияи шогирдон ва дуруст ба роҳ мондани низоми таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ аст.

 

Февраль 11, 2017 11:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт