Интихоби дурусти ҳамсар–кафили зиндагии бобақо ва бардавом

Февраль 25, 2017 08:58

ШАҲРИНАВ, 25.02.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Бо мақсади пешгирӣ аз ҳодисаҳои номатлуб, ҷудошавии оилаҳо, дуруст ва аз наздик фаҳмонидани Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонуну қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкати раиси Суди ноҳияи Шаҳринав Муҳаббат Сайидзода, мудири бахши Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ Нодира Дадабоева, мудири бахши кор бо занон ва оила Барно Раҳимова дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва муассисаҳои таълимии ноҳияи Шаҳринав силсилаи вохӯриҳо оғоз гардиданд.

Гурӯҳи таблиғотӣ дар бораи никоҳи хешутаборӣ, ки аллакай тибқи қонун манъ гаштааст, гузаштани муоинаи ҳатмии тиббӣ қабл аз хонадоршавӣ ва сари вақт гирифтани шаҳодатномаи таваллуд, маслиҳат ва машваратҳои судманд медиҳанд. Ин тадбирҳо барои тавлид, тарбия ва ба воя расонидани  насли солим кумак мерасонанд.

Тавре мудири САҲШ- и ноҳияи Шаҳринав Нодира Дадабоева иброз дошт, ҳанӯз масъалаи ҷудошавии оилаҳо нигаронкунанда аст. Агар дар соли сипаригардида 142 адад оилаҳо пош хӯрда бошанд, пас дар моҳи январи соли равон 17 адад оилаҳои ҷавон аз ҳам ҷудо гардиданд. Гурӯҳи таблиғотӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохӯриҳоро дар сатҳу сифати баланд ва мунтазам доир менамояд. Маҳз интихоби дурусти ҳамсар имкон медиҳад, ки зиндагии оилавӣ дар оянда бобақо ва бардавом бошад.

 

Февраль 25, 2017 08:58

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд