Иштироки корхонаҳои Тоҷикистон дар намоишгоҳи риштаи Истанбул

Февраль 1, 2017 16:08

корхонаДУШАНБЕ, 01.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Шаш корхонаи ресандагии Тоҷикистон, назири «Ваҳдат Текстил», «Ноҳид», «Олим Текстайл», «РБТ Ресандаи Тоҷикистон», «Файзи Истиқлол 2011» ва «ХИМА Текстил» дар намоишгоҳи байналмилалии ришта, ки аз 2 то 5 феврал дар Истанбул доир мегардад, иштирок менамоянд.
Ширкати «Ноҳид» ба намоишгоҳ барои дарёфти манбаи нави ашёи хом меравад, панҷ корхонаи дигар маҳсулоти худро ба харидорони эҳтимолӣ пешниҳод мекунанд.
Сафари ҳайати Тоҷикистон ба Истанбул ва иштирок дар намоишгоҳи мазкур бо мусоидати Маркази тиҷорати байналмилалӣ (МТБ) ва бо маблағгузории Ҳукумати Швейтсария дар доираи Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат дар Тоҷикистон сурат мегирад.
Интизор меравад, ки дар намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул беш аз 8000 боздидкунанда аз 80 кишвари ҷаҳон иштирок мекунанд. Дар намоишгоҳи Истанбул, ки ҳамчун «қалби саноати ришта дар АвруОсиё» шинохта шудааст, нахи пахта, ришта, таҷҳизоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ ва маҳсулоти нассоҷиро ба намоиш мегузоранд. Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази тиҷорати байналмилалӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки «намоишгоҳи байналмилалии риштаи Истанбул ба ширкатҳои мо имкон фароҳам меорад, то бо истеҳсолкунандагони пешрафтаи маҳсулоти нассоҷӣ аз минтақа вохӯранд, бренди худро дар бозори минтақавӣ тақвият диҳанд, бо ширкатҳои истеҳсолӣ, воридоткунанда ва тоҷирон тамос барқарор кунанд, бо талаботи бозор ва равандҳои ҷорӣ дар он шинос шаванд».

 

Февраль 1, 2017 16:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд