Иштироки намояндагони Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар намоиши «ПРОДЭКСПО-2017» дар Москва

Февраль 8, 2017 10:39

ДУШАНБЕ, 08.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар Маркази намоишии «Экспоцентр»-и шаҳри Москваи Федератсияи Россия 24-умин намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти хӯрокӣ, нӯшокӣ ва масолеҳи истеҳсолии «Продэкспо-2017» ифтитоҳ гардид. Тавре аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар намоишгоҳи «Продэкспо-2017» (намоишгоҳи маҳсулоти хӯрокворӣ) корхонаҳои узви Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон-ҶММ «Нурфуд», «Оро Исфара», «Зардолу ва К», «Евроазия-2005», «Сахо ва К», «Роҳи Сомон», «Тавҳид ва К» иштирок намуданд. Роҳбарии Намояндагии тиҷоратии Тоҷикистонро директори генералии Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Шарифзода ба уҳда дорад.
«Корхонаҳои Тоҷикистон дар намоиш ба таври васеъ меваҳои хушки аз ҷиҳати экологӣ тоза ва табииро пешниҳод карданд. Дар рӯзи аввали намоиш намояндагони кишвари мо бо иштирокчиёни ташкилотҳои истеҳсолкунанда шинос шуданд. Дар раванди намоиш миёни истеҳсолкунандагони тоҷик бо шариконашон гуфтушунид ҷиҳати ба имзо расонидани шартномаҳои ҳамкорӣ дар мавриди таъмин ва расонидани мол баррасӣ мегардад»,- иттилоъ доданд аз Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ.

Февраль 8, 2017 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд