Истиқболи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Давҳаи Давлати Қатар

Февраль 5, 2017 13:35

ДУШАНБЕ, 05.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи 5 феврали соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ба пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа ташриф оварданд.

Дар Фурӯдгоҳи байналмилалии пойтахти Давлати Қатар шаҳри Давҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони эҳтирому самимияти хоса намояндагони воломақоми Ҳукумати ин кишвар гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Муқаррароти истиқболи расмӣ дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Давҳа, ки бо шиору навиштаҷот ва шодбошиҳои дӯстона оро ёфта, горди фахрӣ саф ороста буд, самимӣ ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор гардид.

Хотиррасон мешавем, ки ин дуюмин сафари расмии Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин давлат буда, бо даъвати расмии Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ анҷом дода мешавад.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистону Қатар 13 декабри соли 1994 барқарор шуда, ба хотири рушду густариши робитаҳои байнидавлатӣ дар ҳар ду кишвар сафоратҳо ифтитоҳ гардид.

Нахустин сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Давлати Қатар моҳи майи соли 2007 сурат гирифта, дар муносибатҳои ду кишвар саҳифаи нав кушод ва ба рушди минбаъда замина гузошт.

Собиқ Амири Давлати Қатар Шайх Ҳамад ибни Халифа Оли Сонӣ низ тобистони соли 2007 бо сафари расмии ҷавобӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард, ки аввалин сафари роҳбари давлати арабӣ ба кишварамон мебошад.

Пояи ҳуқуқӣ-шартномавии муносибатҳои ҳамкории дуҷонибаро санадҳои ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва техникӣ, ташвиқ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузорӣ ташкил медиҳад ва барои таҳкими ҳамкории дуҷониба бастаи лоиҳаҳои санадҳои нави ҳамкорӣ дар бахшҳои илму маориф, тандурустӣ, бонкдорӣ ва самтҳои дигари робитаҳои иқтисодӣ дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

Эмомали Рахмон Давха Катар

Февраль 5, 2017 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд дар чорабинии фарҳангиву таърихии «Қалъаи Хуҷанд» иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Қалъаи Хуҷанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маҷмааи таърихиву фарҳангии «Қалъаи Хуҷанд»-ро баъд аз таъмиру навсозӣ ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии «Наврӯзи Истиқлол»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд бинои нави Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасониро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази тиббии «Микролаб»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи истеҳсоли равғанро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар бунёди боғи интенсивии зардолу, гелос ва токи хавозавӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарон ва фаъолони вилояти Суғд машварати корӣ доир намуданд