Кӯлоб: Паём маҷмӯи таъкиду ҳидоятҳои созанда ба аҳли ҷомеа мебошад

Февраль 15, 2017 14:32

Кӯлоб Паём маҷмӯи таъкиду ҳидоятҳои созанда ба аҳли ҷомеа мебошадДУШАНБЕ, 15.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. 14 феврал бо  ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Маркази саломатии кӯдаконаи шаҳри Кӯлоб» вобаста ба тарғибу ташвиқи муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон, ки бештари онҳоро занон ташкил мекунанд, вохӯрӣ доир гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи Хизби Халқии Демократии Тоҷикистон  дар шаҳри Кӯлоб Саъбагул Валиева изҳор дошт, ки мувофиқи нишондодҳои Паём солимии миллат дар ҷои аввал меистад. Назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Зеро то ба ҳол доруворӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид шуда, сифати он дуруст муайян карда намешавад. Инчунин Пешвои миллат дар Паёмашон ба вазорату идораҳои дахлдор дастуру супоришҳо доданд, ки барои кам кардани муомилоти дорувории қалбакӣ ва пастсифат дар мамлакат тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Дар ҷамъомад иштирокчиён зикр намуданд, ки Паём маҷмӯи таъкиду ҳидоятҳои созанда ба аҳли ҷомеа мебошад. Мо кормандони соҳаи тандурустӣ, бахусус, занон Паёми Пешвои миллатро сармашқи кори худ қарор дода, ҷиҳати аз муомилот баровардани доруҳои бесифат саҳми худро мегузорем.

Февраль 15, 2017 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд