Камол Насрулло: «Дини мо тамкину одоб аст» (Андешаҳо перомуни мақолаи С. Фаттоҳзода)

Февраль 22, 2017 08:15

“Давлати мо давлати дунявист, аз ин рӯ, на пайравони тариқати атеистӣ, на пайравони дин, на пайравони демократияи дурӯғин, на тарафдорони ҷомеаи коммунистӣ ва на мӯътақидони ягон шакли дигари афкори сиёсӣ ҳуқуқ надоранд, ки ба хотири густариши низоми сиёсиву динӣ Конститутсия ва дигар қонунҳои мавҷудаи ҷамъиятро сарфи назар намоянд. Мураккаб гардидани алоқаҳои иҷтимоӣ боиси мураккаб гардидани меъёрҳои иҷтимоӣ ва институтҳои ҳокимияти сиёсӣ мегардад.”

Эмомалӣ  Раҳмон, аз суханронӣ дар  мулоқот бо аҳли ҷамоати шаҳри Душанбе, с. 1997.

ДУШАНБЕ, 22.02.2017. /АМИТ “Ховар”/. Имрӯзҳо дар саҳифаҳои интернет баъди ба табъ расидани мақолаи Саидмурод Фаттоҳзода, муовини аввали раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ бо номи “Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусулмонӣ...” дар сомонаи АМИТ “Ховар” ибрози андешаҳо аз ҷониби донишмандони дигар пайи ҳам интишор меёбанд ва ин беҳуда нест.

Ин мақола , ки дар ҳассостарин мавзӯи рӯз навишта шудааст, бисёр бамаврид ва сарвақтӣ буда, бо баёни андешаҳои солим, назари олимона ба ҳалли яке аз чигилтарин масъалаҳои ҷаҳони имрӯз-масъалаи ислом, тероризм, экстремизм ва муносибати ҷомеаи ҷаҳонӣ ба он аст.

Ба назар чунин мерасад, ки дар чанд соли охир як ҳаракат,  як мубориза дар сатҳи ҷаҳонӣ ба муқобили ислом, бо ҳадафи бадном кардани ин дини мубин аз ҷониби нерӯҳои хеле муқтадири ҷаҳонӣ оғоз ёфтааст. Хеле муқтадир, зеро онҳо тавонистанд чандин кишвари исломиро зеру забар ва бар хок яксон кунанд, хуни мусулмононро бо дасти мусулмонон бирезанд ва ин дини мубинро, ки бузургони дунё эътирофаш кардаву баҳои баланд додаанд, то ҷое воқеан бадном кунанд. Имрӯз вожаи мусулмон дар қатори террорист, экстремист, иртиҷоӣ маънидод мешавад. Гумон мекунед ин кори кист? Кори худи мусулмонҳост? Зеро онҳое, ки бо номи ислом хуни мусулмонро мерезанд, манзилҳо, шаҳру деҳоти мусулмононро хоку туроб мекунанд, аксар худ мусулмонанд. Кӣ  ва бо чӣ ҳадафҳо ин гурӯҳҳоро бо номи “ДИИШ”, “Ал-Қоида”, “Толибон”, “Боко Ҳарам” …. таъсис додаву  маблағгузорӣ кардааст ва ба куштору хунрезӣ ба кишварҳои исломӣ, ба харобизор кардани ободтарин шаҳрҳои мусулмонӣ сафарбар намудааст? Албатта, на худи мусулмонон.

Мо, ки худ мусулмонем, падарону бобоёнамон то ҳафт пушт мусулмон будаанд, оё намедонем, ки дини мубини ислом фақат некӣ, покӣ, адолату муҳаббатро ситудаву раҳнамоӣ кардааст?! Аммо имрӯз баногаҳ чаро ислом иртиҷоӣ ва терористӣ эълон шудааст? Исломе, ки  аз ҷониби бузургони чандин давру замон боэътимодтарин дини худошиносӣ шинохта шуда буд.

Боре хонуме дар Русия ба граф Лев Николаевич Толстой мактуб навишта хоҳиш карда буд, ки ба писари ӯ раҳнамоӣ кунад, то аз ду дин: насронӣ ва мусулмонӣ якеро барои парастиш интихоб намояд. Нависандаи бузург ба он зан дар ҷавоби мактубаш маслиҳат дод, ки беҳтар аст писараш  ба дини ислом гаравад, зеро ин динест озод аз ҳама гуна хурофот.

Л.Н.Толстой навишта буд:  Ҳарчанд ин гуфтори ман боиси тааҷҷуб аст, мане, ки ғояҳои насронӣ ва таълимоти онро ба  маънои ҳақиқиаш  арҷи баланд мегузорам, барои ман ҳеҷ ҷои шубҳа нест, ки муҳаммадгароӣ (Ислом) бо зуҳуроти зоҳирии худ хеле баландтар аз таълимоти православӣ меистад.

Ин аст, ки агар дар назди инсон танҳо илоҷи аз ду як интихоб истода бошад, яъне интихоби ислом ё дини дигар, ҳеҷ ҷои тардид барои одами солимфикр набояд бошад, ки ӯ муҳаммадгароӣ, яъне  исломро қабул кунад. Ба ҷои он таълимоти худопарастии мураккабу нофаҳмо- троица (воҳиди салоса-таҷассуми писари Худо, худи Худо дар сурати як Худо), кафорат (ҷуброни гуноҳҳо), сирри ғайб, муқаддасот ва тасвирҳои мураккаби онҳо дар парастиши Худо”

Метавон гуфтаҳои дигар бузургонро низ овард. Аммо чаро имрӯз дини ислом дигар хел арзёбӣ меншавад? Акнун суханони шахсияти номдори замони моро меорем. Канслери  Олмон Ангела Меркел дар хусуси вазъи имрӯзаи ҷаҳони Ислом ва кишварҳои араб аксуссадои зиёде дар матбуоти кишвар ба вуҷуд овард. Суханони хонум Меркел чунинанд: “Ҳинду Чин наздик ба 2,5 млрд аҳолӣ,150 Худо ва 800 ақидаи мухталиф доранду дар сулҳ зиндагӣ мекунанд. Мусулмонон як Худо, як пайғамбар ва як китоб доранд, вале хиёбонҳояшон аз хуни ҳамдигар сурх шудааст.

Қотилаш мегӯяд: Аллоҳу Акбар! Мақтул ҳам мегӯяд: Аллоҳу Акбар! Ва куштаҳои ду тараф шаҳид номида мешаванд. Ин дард аст, ки мутаваҷеҳ нестем дин чист”.

Ангела Маркел бо овардани танҳо ҳамин як далел тавонист зарбаи сахту ҷонкоҳе ба мусулмонону мусулмонии мо занад. Бе ягон тарғибот, бе ягон таҳқиқу далели дигар, дар ду сатр хеле нишонрас ва бе беҳс!

Ин суханон истиқболи хуб ва ҳатто пурваҷду офариномезе ёфтанд аз ҷониби аксари мардуми мо ва ҳатто яке аз ҷаридаҳои мо “СССР”фавран ба Ангела Меркел  дипломи вежаи худ ва мукофоти пулии он сад сомониро дар купюраҳои -як, панҷ, даҳ ва бистсомона сазовор дониста, бе таъхир ин диплом ва ин маблағро ба таври расмӣ ба сафоратхонаи Олмон, ба ҷонишини аввали сафир Зилке Клёвер супорид.

Суханони Ангела Меркел ҳақиқати талх ва бебаҳсе ҳастанд, ки мо онҳоро маҷбурем фурӯ барем. Аммо барои ҳар нафаре, ки худро мусулмон мешуморад, ин суханон хеле нанговар ҳам мебошанд.

Ин баҳогузорӣ дар рӯ ба рӯи он шиори машҳури дини мубини Ислом:” Муъмин бародари муъмин аст” ҳақиқати дигареро барои мо боз мекунад, яъне имрӯз на танҳо муъмин бародари муъмин нест, балки муъмин душмани муъмин аст ва муъмин хуни муъминро мерезад. Албатта, ин баҳогузорӣ бо вуҷуди ҳақиқати талх буданаш ба иззати нафси мо, мусулмонон, дарднок мерасад.

Он чи дар бораи суханони Ангела Меркел овардам, иқтибос аз мақолаи худи банда аст, ки ҳамон вақт дар сомонаи “Ховар” таҳти унвони ”Ислом ба зоти худ чӣ айбе дорад!”  ба табъ расида буд. Дар поён низ аз ин мақола иқтибос хоҳад омад.

Падарону бобоёни мусулмони мо  дар одитарин рафтору гуфтори худ оё хайрхоҳиву некӯкориву инсондӯстиву раҳму шафқатро ба мо таълим намедоданд? Дар ҳама одобу гуфтори онҳо, ба ҷуз башардӯстӣ, тараннуми сулҳу дӯстиву ваҳдат, оё ягон зарра андешаи иртиҷоӣ ва  ба лафзи имрӯзӣ экстемистӣ ҷо дошт?  На ин ки ҷо надошт, ҳатто дар гумонҳояшон ҳам набуд. Мардуми мусулмони диёри мо, пирони мо бо таҳаммулпазирӣ ва хайрхоҳиву башадӯстии худ маъруф буданд ва ҳамин симо, яъне симои некиву таҳаммул дар эҷодиёти классикони мо чун дар ойина ҷилои дурахшон ёфтааст.

Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад,

Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад,-

сурудааст Ҳофизи бузургвор ва он сухане, ки “Ислом ба зоти худ надорад айбе, ҳар айб, ки ҳаст, дар мусулмонии мост” низ аз гуфтаҳои хирадмандонаи  он бузургон аст.

Ин аст, ки ба андешаи банда имрӯз ин ҷангҳо дар кишварҳои исломӣ ҳаргиз ҷанги мусулмон бо мусулмон нест. Ин ҷангҳо аз ҷониби душманони ислом тарҳрезӣ шудаанд. Ин ҷанги мазҳабҳо ва динҳост. Ва роҳи халосӣ аз он дарки ҳамин ҳақиқат ва рӯ овадан ба асолати хеш, ба ваҳдату ягонагист.

Албатта, дар паси ин ҳама харобиву одамкушиву  қатли ом манфиатҳои абарқкудратҳое меистанд, ки ба ҳамагон маълум аст. Аммо вокуниши мо, вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан мо, тоҷикон, ба ин зуҳурот бояд чӣ гуна бошад?

Имрӯз, ба гумони мо, вайроншавии вазъи дунё, аз байн рафтани тинҷиву осоиштагӣ дар бисёр мавридҳо бар он асос ёфтааст, ки миллатҳо аз одобу суннат, арзишҳои миллии худ, ки кафолати пойдории ҳар қавму миллатанд, дур мешаванд, ҷойи онро ҳадафҳои сиёсиву сармояҷӯии корпоратсияҳои бузург  гирифтан доранд. Яъне инсоният аз арзишҳои аслии худ канор меравад ва ҷойи онҳоро воқеан арзишҳои сунъӣ мегиранд,. Чунин таъқид шудааст дар мақолаи  Саидмурод Фаттоҳзода.

Ин аст, ки сиёсати арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва суннату ойинҳои халқиро Ҳукумати Тоҷикистон имрӯз кафили тинҷиву осоиштагӣ меҳисобад. Ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва сиёсати худшиносии миллӣ, ки дар кишвари мо таҳти сарварии Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳандозӣ шудааст, ҳамон ҷавшанест, ки миллати моро аз таҷовузҳои сиёсӣ ва ҷараёнҳои номатлуб ҳимоят мекунад.

Сатрҳои Муҳаммад Иқбол ба ёд меоянд, ки гуфтааст:

Худо он миллатеро сарварӣ дод,

Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.

Ба он миллат сару коре надорад,

Ки деҳқонаш ба дасти дигарон кишт.

Имрӯз тухми низоъ дар кишварҳои шарқ ба дасти дигарон кишта мешавад. Аз ин ҷост рӯишу сабзиши хору зарпечаки тероризм ва экстремизм. Аз ин ҷост  ҳосили хунин дар заминҳои ин кишварҳо.

Ба суннатҳои миллӣ, ба фарҳангу илму адаб, ба ойинҳои некманишонаи халқи мо, ба худшиносии милливу ватандӯстӣ даъват намудану такя кардани Сарвари кишварамон  беҳуда нест. Маҳз ҳамин сиёсат моро  мутаҳҳид мекунад, ба ягонагӣ меорад ва дар муқобили ҳама таҷовузҳои берунӣ сипари қавии мост.

Як хусусияти фарқкунандаи ҷаҳони имрӯз ин аст, ки мубориза ва пайгирии ҳадафҳои соҳибшавии дунё,   амалӣ схтани ҳадафҳои дигар ба воситаи  низоъ андохтан дар байни динҳову мазҳабҳо пеш гирифта мешавад. Вақте ки динҳову мазҳабҳо ба ҳам ҷанг андохта мешавад, ҷанг барои ҳаётву мамот аст ва хунрезиву харобии бештар ба бор меорад. Ва мо дидем, ки дар кӯтоҳтарин муддат қавитарин кишварҳо ба хок яксон шуданд ва аҳолии онҳо роҳи гурезу муҳоҷиратро пеш гирифтанд. Чунин зуҳурот дар таърих собиқа надорад. Ҷангҳои пешина сурату ҳадафҳои  дигар доштанд. Агар пеш барои давлатдорӣ, боигарӣ, тасаллут ёфтан дар дунё бо қувваи худ  меҷангиданд, ҳоло мазҳабҳоро ба ҳам ҷанг андохтаанд, то мардуми як дин, як равия байни худ биҷанганд, то бародарро бо дасти бародар, дар айни замон мусулмонро бо дасти мусулмон бикушанд.

Аз ин рӯ он ҳаракатҳое, ки бо номи пуштибонӣ аз ислом ва покиза кардани ислом ба миён омадаанду одитарин зуҳуроти санъату фарҳангу маърифатро, ки инсонро инсон месозанд, куфр эълон кардаанд, ба ҷуз душманӣ ба ислом чизе нестанд. Зеро мебинем, ки ин роҳ мусулмонону мусулмониро ба куҷо овард. Исломи хирад, исломи фазилат, исломи одобу фарҳангу маърифат ба исломи ҷаҳолат, исломи куштору хунрезӣ, исломи башарбадбинӣ, маҳрум аз одитарин хушиҳои рӯзгор, ҳатто барои тифлакони бегуноҳ, табдил дода шуд.

Биёед,  ба ёд оред исломи айёми тифлии худро, исломеро, ки дар он мӯсафедони тозаву озода дар масҷидҳо, дар нишастҳои байни мардум ба тарғиби одоби ҳамида, покиву покройӣ, некиву некномӣ, хайру сахо даъват мекарданд. На ин исломе, ки ба майдонҳои ҳамдигаркушӣ мехонад.

Боз ҳам мехоҳам аз мақолаи пешинаи худ худ иқтибос орам:

Дар Тоҷикистони азизи худ,  аз деҳқону коргари одиву зиёиву олим то Сарвари давлат, мо ҳама мусулмонем, мусулмони солим, на ифротгарову зиёдарав. Мусулмонии покиза ва беғараз дорем. Аммо мехостанду мехоҳанд исломи ҷоҳталаб, исломи дорои ҳадафҳои сиёсиро бар сари мо аз берун таҳмил диҳанд, бо ҳадафҳои таҷовузкоронае,ки хоси миллати мо нест.Сиёсати башардӯстонаи давлати мо, кишвари мо ба ин роҳ намедиҳад.

Бубинед, имрӯз бо номи ислом, бо номи “давлати исломӣ” гурӯҳе гӯё ба ҷиҳод хестааст. Мусулмон мусулмонро мекушад, ҳол он ки дар китоби муқаддаси Қуръон Худованд фармудааст,ки муъмин бародари муъмин аст. Дар зери пардаи ислом ҳадафҳои ғаразноки ғайриисломӣ пайгирӣ мешаванд ва дар ин радиф гурӯҳе фиребхӯрдагон ва гумроҳон ҷони худро гӯиё барои Худо нисор месозанд.

Ислом парастиши Худост, риояи шариат аз ҷониби ҳар мусулмон аст, на ғоратгарӣ, одамкушӣ, даъвои ҷоҳу ҷалол, мансаб ва ғайра.

Он мусулмоние, ки мо мешиносему моро дар рӯҳияи он парвариш додаанд, мусулмонии падарону бобоёни мост, ки коре ба сиёсат ва молу ҳолу ҷоҳу ҷалол надошт. Пирон ба масҷид мерафтанд, ҷавонон аз пайи кору ризқу рӯзӣ ва донишу ҳунаромӯзӣ буданд. Дар чунин дин ва мусулмонӣ пирони деҳа раҳнамои роҳи хайр, одоб, накӯкорӣ буданд. Олам гулистон буд, зеро касе аз аҳли масҷид даъвои бештар аз парастиши Худову риояи қонунҳои шариатро надошт. Ва мо мусулмониро аз тифлӣ ҳамин гуна мефаҳмидем: покӣ, некӣ, хайрхоҳӣ, дастгирӣ аз ҳамдигар, кумак ба ниёзмандон…

Инҳо баъд пайдо шуданд: ба майдон баромаданҳо, даъвои курсиву мансаб, даъвои ҳукумат карданҳо…  Ва  ҳоло маълум аст, ки аз куҷо тарҳрезӣ шуда будаанд. Беҳтарин мусулмонӣ ҳамон мусулмоние буд, ки дин аз давлат ҷудо буд, зеро кори дин бо Худост, кори сиёсат бо давлатдорист. Аммо касе муқобили мусулмон будани давлатдорон нест. Дар дини ислом ҳар кас худ барои худ, барои аъмоли худ дар пеши Худованд ҷавоб мегӯяд. Эътиқод ба дин, ба Худо кори шахсӣ ва интихоби ботин аст.

Аммо акнун меоем ба имрӯз, ба сари гуфтаҳои Ангела Меркел, ки гӯё кашфиёте барои мо кардаву чашмони моро кушода бошад. Қимати ин гуфтор дар он аст, ки онро як симои намоёни сиёсии дунёи имрӯза иброз доштааст. Аммо барои мо ин ҳақиқат нав нест, мо ин андешаро солҳои сол байни худ гуфтаем. Мо  худамон аз нотифоқӣ дар сафҳои ислом ва мӯътақидони дини мубин, аз муборизаи мазҳабҳо ва исломиёни ифротгаро рӯзе нест, ки арзи дил накунем. Биёед, акнун ба тарафи дигари масъала рӯ орем ва ба хонуми муҳтарам чанд савол бидиҳем.

Оё чаро то имрӯз хилофу низоъҳои мазҳабӣ дар кишварҳои исломӣ то ин ҳадди хунрезиҳо нарасида буданд? Мардуми Миср, Сурия, Ливия, Яман, Ироқ дар ободӣ, тинҷӣ, ба ҳар сурат бе хунрезӣ, сериву пурӣ ва дар баъзе мавридҳо беҳтар аз дигарон зиндагӣ мекарданд. Оё чи сон садсолаҳо намояндагони дину мазҳабу равияҳои гуногун тавонистанд дар ин кишварҳо бо мусолиҳат зиндагӣ кунанд ? Ва имрӯз ҳам кам нестанд кишварҳое, ки намояндаҳои мазҳабҳои гуногун дар онҳо бо созиши байниҳамдигарӣ зиндагӣ мекунанд, мисли Русия, Эрон, кишварҳои Осиёи Миёна, Қафқоз ва ғайра.

Тафриқаҳо на танҳо дар дини ислом, балки дар байни равияҳои гунони дигар динҳо низ ҳастанд, аммо кӣ мусулмононро ба ҳадди хунрезӣ овард? Кӣ бо тӯҳмате ба Ироқ ҳуҷум кард, Саддом Ҳусейнро сарнагун сохту ба дор овехт, Қаззофиро ба қатл расонду чунин кард, ки ниқори хунталабӣ, ин зиддияту ин душманиро амиқтару амиқтар ба коми хатар андохт ва роҳи ҳалли онро чигилтару чигилтар сохт? Оё низоъ, ҷанг ва хунрезиҳое, ки имрӯз дар Миср, Сурия, Яман, Ироқ, Либия, Афғонистон аз ҳама сарҳадҳои дахолату ислоҳ убур кардаанд, кори дасти кадом қувваҳост? Толибон, Ал- Қоида, ДИИШ-ро кӣ ташкил дод, кӣ маблағгузорӣ кард? Ва бо чӣ мақсад ин корҳо карда мешаванд, ин моҷароҳо бунёд меёбанд? Оё мусулмонон мехостанд, ки ин даҳшатҳо ба сарашон ояд?!

Он чи имрӯз нерӯҳое ҳастанд,ки ҳадафи ниҳоияшон ҷанг андохтани мусулмонҳост, ба касе пӯшида нест. Онҳо аз ҷониби шиа ба суннӣ ва аз ҷониби суннӣ ба шиа тир андохтанду онҳоро ба майдони хунрезӣ кашиданд ва худро канор гирифтанд.

Дар суханҳои Меркел ҷои баҳс нест, аммо ҷои суол ҳаст, ки ин хунрезиҳоро, ин низоъҳоро дар байни аҳли ислом кӣ, бо чӣ мақсад роҳандозӣ мекунад?

Оё ин ҳақиқат нест, ки сол то сол сафи мусулмонон дар дунё меафзояд?! Оё ин ҳақиқат нест, ки теъдоди мусулмонон дар кишварҳои Аврупо беш аз худи аврупоиҳо мешавад? Оё ин ҳақиқат нест, ки дар оянда хатари исломӣ шудан тамоми сайёраро таҳдид мекунад? Ва шояд ҳадаф аз таҳмили ин ҷангҳо дар кишварҳои исломӣ бадном кардани ислом, бо дасти ҳамдигар кушта шудани мусулмонон бошад? Аммо агар ин ҷанги таҳмилӣ чунин мақсад дошт, иштибоҳе бештар набуд, зеро, баръакс, сафи мусулмононро дар Аврупо аз ҳисоби гурезагон афзунтар сохт.

Ин аст, ки гуфтори хонум Меркел ба  рафтори он шахсе мемонад, ки ду нафар одамони наздикро бо иғво ҷанг меандозад ва дар канор истода мегӯяд: ҳай –ҳай , ин хуб нест, ҳама дар сулҳу иттифоқ зиндагӣ мекунанду шумо нотифоқед! (Дар пораи боло аз мақолаи номбурдаи худи муаллиф иқтибос шудааст).

Бубинед,  дар зери ниқоби фароҳам овардани ҳуқуқ ва озодии инсон душманони ислом шароит барои ба вуҷуд овардани гурӯҳҳои  иртиҷоӣ  фароҳам оварданд, аз ин гурӯҳҳо дастгирӣ карданд ва исломи фазилатпешаро ба ҳалқаи экстремизму тероризм кашиданд. Дидаву дониста зери ниқоби озодии инсон дастгирӣ кардан ва кӯмак намудан ба нерӯҳои иртиҷоӣ чӣ ҳадаф дорад? Бо чӣ ҳадаф сафи нерӯҳои иртиҷоиро дар мо зиёд намудаанд?

Ва аммо саволи дигаре ҳам рӯ мезанад. Гаравишу гирифтории мардуми мусулмонро ба ин иғвову низоъҳо чӣ гуна метавон шарҳ дод?

Аҷиб ин аст, ки суханони Ҳаким Саноии Ғазнавӣ баъд аз асрҳо имрӯз маврид доранд ба ёд оварем ва моро ба андешаи амиқ меандозанд, ки то куҷо мушкили ислому ҷомеа баъд аз асрҳо ҳанӯз вуҷуд дорад:

Мусулмонон, мусулмонон! Мусулмонӣ, мусулмонӣ!

Аз ин ойини бединон пушаймонӣ, пушаймонӣ!

Мусулмонӣ кунун исмест бар урфеву одоте,

Дареғо, ку мусулмонӣ? Дареғо, ку  мусулмонӣ?

Таҷовузи душманон-ку маълум аст. Аммо, оё мо мусулмонон худ ҳам мусичаи бегуноҳем? Чаро эксртемизм, терроризм ба ин қитъаҳо роҳ меёбанд? Мутаассифона, таассуби динӣ, хурофот дар ҷомеаи мо метавонанд барои ворид шудани ин зуҳуроти барои миллатамон хатарзо роҳ кушоянд. Ба андешаи мо,  бояд мо дар ҷомеаи худ пеш аз ҳама пеши роҳи хурофот ва таассубро бигирем, то мардуми моро ба гӯливу гумроҳӣ накашанд ва онҳое, ки мехоҳанд ҳаёти моро нотинҷ кунанд, битавонанд аз ин истифода баранд, чунон ки дар оғози истиқлолият дидем.

Сабақи дарси сулҳи тоҷикон баъд аз ҷангҳои шаҳрвандӣ метавонад бисёр чизҳоро муайян кунад, мактаби омӯзиш барои дигарон бошад, ки дар ин бора на кам навишта шудааст. Барои ворид намудани  ғояҳои номатлубу иртиҷоии худ  душман ҳама ҷойҳои сусти ҳар миллату қавмро меҷӯяд. Ва яке аз чунин ҷйҳои суст, ба андешаи мо, таассуб ва хурофот дар дин аст. Таассуб ва хурофоте, ки халқу миллатро ба ҷаҳолат, ба бесаводӣ, ба пайравии кӯркӯрона аз равияҳои  бебунёду пурзарар мекашанд. Дар ин хусус банда дар мақолаҳои “ Доми тазвир”, “Чаро мо гирифтори хурофотем”, “Тарки ному либоси миллӣ на исломро ғанитар мекунаду на моро мусулмонтар…”, “Мулло кист?” ва ғайра, ки ҳама дар сомонаи “Ховар” ба табъ расидаанд, фаровон гуфтаам. Ин ҷо ҳамин қадар мегӯям, ки мо бояд расму таомул ва анъанаҳои созандаи халқи худро, ки асос ва бунёди мустаҳками маънавиёти миллатамон ҳастанд, аз таассуб ва хурофоте, ки ба ҷаҳолат мекашанд, фарқ кунем.

Дар поён мехоҳам гӯям, ки дар мақолаи Саидмурод Фаттоҳзода “Ҳазорсола роҳ аст аз ту то мусулмонӣ…”  масъалаҳои ҷиддиву пухтарасидаи имрӯзи ҷомеаи мо, ки барои ҳимоя ва пешрафти маънавиёти мо ногузир ва заруранд, хеле ба маврид гузошта шудаанд ва хуб мешуд, агар дар асоси ин мақола ибрози андешаҳову мубоҳисаҳо идома ёбанд, зеро ин масъалаҳо аз доғтарин масъалаҳои рӯзанд.

 

Камол НАСРУЛЛО,

Шоири халқии Тоҷикистон,

дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ,

ходими адабии АМИТ “Ховар”

Февраль 22, 2017 08:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад