Камол Насрулло, Шоири халқии Тоҷикистон: «Имрӯз меҳани мо худ меҳани ҷавонист…»

Февраль 4, 2017 08:26

ДУШАНБЕ, 04.02.2017. /АМИТ “Ховар”/. Тоҷикистони азизи мо ватани ҷавонист ва ин ҳарфҳо на барои зеби сухан гуфта шудаанд. Шумо бароеду дар кӯчаҳои шаҳру деҳоти мо қадам занед, худ воқеан мебинед, ки дар пеши назар амвоҷи хурӯшону ҷӯшони ҷавониву ҷавонон ҷорист, хусусан кӯчаву майдонҳои пойтахт ва шаҳрҳои бузурги  мо аз ҳусну зеби ҷавонӣ чи қадар зебову дилпазиранд. Дар ҳама ҷо: дар майдонҳои кору шуҷоат, дар маъракаҳои муҳими сиёсиву ҳунариву варзишӣ, дар сохтмонҳои азими нерӯгоҳҳо, дар бунёди нақбҳову роҳҳо,  дар  муассисаҳои  соҳаҳои гуногуни илму  фарҳангу маърифат, дар саҳнаҳои ҳунар, дар бунёди боғу киштзорҳо, хулоса дар ҳар гӯшаи бунёдкории ватан чашматон сараввал ба ҷавонон бармехӯрад, ҷавононе, ки бо рӯҳияи баланди ватандӯстона машғули кору пайкоранд. Бале, бо рӯҳияи баланд, зеро худи ҷавонӣ рӯҳбаландист, зебоӣ ва шуҷоат аст. Аммо ба ин ҳама манзараи зебои пур аз сурату сирати ҷавонӣ нигариста, наметавон гуфт, ки бист — сӣ сол пештар ё дар замони пеш аз истиқлолият мисли имрӯз ҳама ҷабҳаҳои кору зиндагии мо намои ҷавонӣ  доштанд ва албатта,  ин ба шарофати озодиву истиқлолияти кишвар аст, ки  мо  дар сиёсати миллии худ такя ба ҷавонон мекунем. Албатта,  наметавон ширкату фаъолияти пурсамари ҷавононро дар он замон инкор кард, хусусан дар сохтмонҳои машҳури зарбдори ҷавониро дар ҳудуди кишвари Шӯравӣ, аммо касе наметавонад рад кунад, ки иштироки ҷавонон, кор ва фаъолияташон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, хусусан дар иҷрои вазифаҳои масъули ҷамъиятиву давлатӣ имрӯз ба маротиб афзудааст.

Имрӯз Ватани мо,  Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, пеш аз ҳама Пешвои миллат, такя ба ҷавонон мекунанд. Бовар ва эътимод ба ҷавонони кишвар воқеан ба онҳо рӯҳияи нав, ғайрати нав, ангезишҳои нави эчодкориву бунёдкориҳо додааст. Дар баъзе мавридҳо ҷавонон аллакай собит сохтанд, ки онҳо сазовори бовар ҳастанд. Ин бовар, фароҳам овардани майдони баланди парвоз ба табъу ҳунару истеъдоди онҳо  ҷавонони моро рӯҳбаланду нерӯманд намудааст.

Тоҷикистони  мо 25- солагии истиқлолияти худро хеле мутантан,  бо рӯҳияи баланд ҷашн гирифт, то ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба худи худ нишон диҳад, ки дар зарфи 25 сол кишвари мо, халқи некӯманиши мо тавонистаанд истиқлоиятро дар ин кишвар бар пояҳои мустаҳками ватандӯстиву садоқат бунёд гузоранд. Акнун марҳилаи наву масъули бунёди қавитару баландтари кохи Истиқлолият дар пеш аст. Барои фатҳи қуллаҳои баланд, буёдкориҳои азим нерӯи ҷавонӣ ба кор меояд. Ва Пешвои хирадманди миллати мо рӯ ба ҷавонон овард. Имрӯз ҷавонони солиму неруманду ватандӯст  бо ғайрату муҳаббати дучанд, бо дарки масъулият ба сари кор меоянд, ба иҷрои масъулиятноктарин вазифаҳо сафарбар мешаванд. Ва ин иқдоми Сарвари кишвар, албатта, бе замина набуда, ҳадафҳои бузурги миллиро пайгирӣ мекунад.

Аввалан, бояд гуфт, ки кишвари мо воқеан дорои боигариҳои зиёд аст, аз қабили табиати биҳиштосо, захираҳои оби тоза, маъданҳои гаронбаҳои зеризаминӣ, ҳунару фарҳанг, расму оинҳои оламшумул ва ғайраву ғайраҳо, аммо боигарии асосиву гаронбаҳоямон халқи ҳунарманди мо, хусусан ҷавонон, нерӯи ҷавонон, ҳунару истеъдоду садоқати онҳост.  Кишвари мо кишвари наврасону ҷавонон аст, зеро синни миёнаи аҳолии кишвари  мо 24 буда, беш аз 70 фоизи аҳолии онро ҷавонон   ташкил медиҳанд.

Дуввум,  ҷавонӣ пеш аз ҳама  нерӯст. Дар он ҷойе, ки ҷавонӣ ҳаст, ишқу умед ҳаст, ғайрату шуҷоат ҳаст, ҷоннисорӣ ҳаст. Ин нерӯ, ин сифатҳо заминаҳое мебошанд, ки имрӯз барои расидан ба ҳадафҳои баланди миллӣ барои мо ногузиранд.

Сеюм, ҷавонон ҳамеша дили гарм доранд, ҳамеша дар ҷустуҷӯву дар такопуянд, ҷавонон ҳамеша эҷодкоранд, ба пеш менигаранд ва пеш мераванд, ки низ яке аз омилҳои расидан ба ҳадафҳост.

Метавон  бартарӣ ва сифатҳои ҷавониро идома дод. Аммо ба ин зарурат нест, зеро инҳо ҳама маълуму мусалламанд. Албатта,  далелҳои овардаи мо ҳаргиз чунин маъно надоранд, ки мо соф такя ба ҷавонон кунему аз баҳри пирон бароем. Баръакс,  дар мо масале ҳаст: «Бе пир  марав, ки дар бимонӣ, ҳарчанд Сикандари замонӣ”. Агар ташбеҳ диҳем, пирон камонанд, ҷавонон тир ва ҳеҷ тире бе камон қобили парвоз нест. Аммо инро ҳам набояд аз ёд бурд, ки теъдоди тир ҳамеша хеле бештар аз камон аст. Камон раҳнамост, аммо он чи ба ҳадаф рафта мерасад, тир аст. Дар сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллати мо ин ҳама ба назар гирифта шудааст.

Ҳаргиз наметавон гуфт, ки сиёсати дастгирӣ аз ҷавонон дар фаъолияти Пешвои миллатамон нав тарҳрезиву амалӣ мешавад. Решаи ин сиёсат  аз рӯзҳои аввали ҳамчун Сарвари давлат ба кор омадани Пешвои миллат оғоз мегирад. Ҳанӯз дар рӯзи ҳафтодуми сарварӣ 2 феврали 1993 вохӯрии Сарвари давлат бо намояндагони ҷавони ҷумҳурӣ, баъдан 17 марти 1994  дар доираи Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон мулоқоти аввалини расмии Сарвари давлат бо ҷавонони кишвар дар он рӯзҳои вазнини ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ сурат гирифта буд. Сипас дар вохӯриҳои алоҳида, дар анҷуманҳои ҷавонон Пешвои миллат пайваста дар алоқамандӣ бо ҷавонон буданд ва барои фароҳам овардани шароити таҳсилу омӯзиш ғамхориҳо зоҳир менамуданд ва имрӯз рӯ ба ҷавонон оварданашон, то ҷойе ғалберро аз об бардоштан аст, то самараи он ҳама заҳматҳо рӯйи об оянд.

Бале, сарвати ватани мо ҷавононанд. Аммо, агар ин сарватро шартан тилло ҳисобем, он гоҳ бояд дар бораи сифати ин тилло, то куҷо корхурдаву дар бозори ҷаҳонӣ арзиш доштани он ҳам биандешем. Аммо банда дар асоси далелҳо мегӯям, ки дар ин маврид ҳам Президенти мӯҳтарами мо ҳанӯз аз оғози истиқлоият чораҳо андешидаву иқдомҳо пеш гирифтаанд. Арзиши ин тилло, яъне арзиши ҷавонони моро, бешубҳа, савияи дониш, фарҳанг, ҳунару таҷриба, таълиму тарбияи гирифтаи онҳо муайян мекунад. Аз ин рӯ мову шумо хуб медонем, соҳае, ки мақоми аввалдараҷа дар ҳадафҳои стратегӣ ва фаъолияти сарварии Пешвои миллати мо дошт, ин мактаб ва маориф, нақши падару модар ва хонавода, яъне он омилҳое буданд, ки сифату қимати шахсияти ҷавонони мо ба онҳо вобастагӣ доштанд. Ҳар имконияти хурдтарине, ки мешуд, Сарвари хирадпешаи кишвари мо дастгирӣ аз мактабу маориф мекарданд, то заминаҳо барои тарбия ва таълими шоистаи наврасону ҷавонони мо гузошта шаванд.

Таъсису ташкили теъдоди зиёди  мактабҳои президентӣ, мактабҳо барои лаёқатмандон, ҳамаҷониба ҷиҳозонидани мактаҳои кишвар бо компютер ва дигар васоили навини таълим, сохтмону таъмири пайвастаи муассисаҳои мактабӣ, бунёди  мактабҳои нави замонавии ба ҳама талаботи муосир ҷавобгӯ, дареғ надоштани маблағ барои нумӯъ ва фароҳам овардани шароит дар соҳаи маориф низ гувоҳи дастгириву ғамхори ба насли наврас аст.

Баъдан  Сарвари кишвари мо дар фароҳам овардни шароит дар ҳунаристонҳову макотиби олӣ ғамхориҳои беназир зоҳир мекунанд. Ин аст,ки сатҳи донишомӯзии ҷавонони мо  ҳамасола афзоиш ёфта, агар дар соли 1991 дар кишвар 70-ҳазор машғули таҳсил буданд, имрӯз ин теъдод ба 200 ҳазор расида, се баробар афзудааст.

Садҳо нафар ҷавонон тавассути муассисаҳои илмии кишвар соҳиби унвонҳои илмӣ гардиданд. Танҳо ҷоизадорони Ҷоизаи ба номи И. Сомонӣ барои олимони ҷавон  ба 140 нафар расидааст. Корҳои илмии ин ҷавонон фарогири масъалаҳои гуногуни истеҳсоливу хоҷагидорӣ ва маънавии ҷомеа мебошанд. Дар хусуси ҳавасмандиҳои зиёди дигар, ки аз ҷониби Пешвои миллат барои ҷавонон зоҳир шудааст, низ метавон сухан кард

Имрӯз бар дӯши ҷавонони мо вазифаҳо муқаддаси ҳимояи марзҳои кишвар ва хидмат дар сафи нерӯҳои  Ватан  гузошта шудааст, ки шарафи бузурги ҳар ҷавони тоҷик аст. Сарвари кишвари мо бо ҳузури пайвастаи худ дар қисмҳои ҳарбиву сохторҳои қудратӣ, бо мулоқоту раҳнамоӣ ва ғамхориҳои пайваста нисбат ба хизматчиёни мақомоти  қудратӣ, бо ҷавонон, сарбозони ватан тавонистаанд,  оташи муҳаббату садоқати ватанро дар дили онҳо фурӯзон кунанд.

Ҷавонони тоҷик дар даврони истиқлолият дастовардҳои шоисте дар соҳаи варзиш ба даст оварда, борҳову борҳо Парчами Тоҷикистони азизи моро дар баландои саҳнаҳои ҷаҳонӣ  ҷилвагар намуданд. Дар давоми солҳои 2011-2015 варзишгарони Тоҷикистон аз мусобиқаҳои байналмиллалӣ 2717 медал, аз ҷумла 783-тилло, 759-нуқра ва 1175 биринҷӣ ба кишвар армуғон оварданд, ки сано бар онҳо бод!

Ҳамасола сафи хидматчиёни давлатӣ аз ҳисоби ҷавонон дар мақомоти давлатӣ афзоиш ёфта, ҳоло теъдоди ҷавонони то синни 35-сола дар байни хизматчиёни давлатӣ 50 фоизро ташкил дода, 23 фоизи дигар дар ҳайати кадрҳои роҳбарикунанда фаъолият доранд.

Президенти муҳтарами мо, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такя ба ҷавонони кишвар мекунанд, бовар ба онҳо доранд ва мо мебинем, ки ҷавонони кишвар низ бо садоқат, бо эҳсоси самимонаву баланди ватандӯстӣ ба ӯ ҷавоб мегардонанд. Онҳо барои иҷрои мақсадҳои наҷибе, ки Пешвои миллат пешорӯи онҳо гузоштаанд, ба ҳама ҷоннисориҳо омодаанд. Мо мебинем, ки Сарвари кишвари мо хато накардаанд. Метавон ба оянди неки миллат эътимод баст, аз фардои он умедвор шуд, зеро  ин ҷавонон нерӯи бегазанд, пойдеворҳои мустаҳками истиқлолияти мо, зиндагии ободи мо хоҳанд буд.

Ҷавонони мо бо ҳама масъуят аз пайи иҷрои фармудаҳои Пешвои хешанд. Ин фармудаҳо дар Паёми имсолаи Пешвои миллат чунин садо доданд:

“Ҷавонон бояд аз ҳама қишрҳои ҷомеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва  нерӯи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хавфу хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд.”

Сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат , дастгирӣ аз ҷавонони кишвар, роҳ додани онҳо ба  майдонҳои сиёсиву иҷтимоиву фарҳангӣ, ғамхориву дастгириҳои пайвастаи онон имрӯз набзи зиндагии кишвар аст.  Имрӯз мо ҳама ҷавонем, нерӯву ғайрати ҷавонӣ дорем, зеро Тоҷикистон ҷавон аст, Тоҷикистон Ватани ҷавонист, зеро Сарвари кишварамон бо ҷавонон ва ҷавонон бо ӯянд. Имрӯз мо ҳама бо муҳаббату садоқати баланди ватандӯстона зиндагӣ мекунем, зеро Пешвои миллати мо чунинанд. Имрӯз мо ҳама бовар ба худ ва ояндаи ватан дорем, зеро соҳиби  худ, соҳиби обу замини худ, соҳиби истиқлолияти худ ҳастем. Миллати хайрхоҳем, миллати сулҳҷӯем, миллати башардӯстем ва мисли  Сарварамон, мисли чашмаҳову рӯдҳои зулоламон паёми покӣ ба аҳли дунё мерасонем.

Имрӯз меҳани мо худ меҳани ҷавонист,
Файзу шукӯҳу арҷаш дар домани ҷавонист.

Пероҳане, ки зебост бар  қомати ҳама кас,
Пероҳани муҳаббат, пероҳани ҷавонист.

Пирӣ намепазирад ин меҳани куҳанбум,
Зеро диле, ки дорад, андар тани ҷавонист.

Рӯзу шаби ману ту шуд бе чароғ рӯшан,
Нуре, ки оварад нур аз равзани ҷавонист.

Ҳар сӯ назар бидӯзам, дар чеҳра гул шукуфта,
Ин гулфишони шодӣ аз гулшани ҷавонист.

Гармӣ расад ба ҷонам аз дидаҳои рӯшан,
Ин оташи мунаввар аз гулхани ҷавонист.

Ман эътимод дорам бар ҳосили фузунаш,
Ризқе, ки дода Додор аз хирмани ҷавонист.

Сад ман умед дорам ман аз нумуъи меҳан,
То як тани ҷавонист, то як мани ҷавонист.

Ман аз дифоъи меҳан ҳастам ҳамеша дилпур,
То дар канори меҳан ин ҷавшани ҷавонист.

         Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
АМИТ “Ховар”

Февраль 4, 2017 08:26

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад
МАЗМУНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР АШЪОРИ АҲДИ КЛАССИКИИ ФОРСУ ТОҶИК. Андешаҳои адабиётшинос дар хусус
24 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО БЕМОРИИ СИЛ. Ҳадаф аз он огоҳӣ, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ин беморӣ мебошад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ беш аз 1 миллион бех ниҳоли дарахтони гуногун шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли гулкарам масунияти инсонро боло мебардорад
Хӯрокҳои миллии тоҷикӣ дар ҷаҳон машҳур буда, санъати таббохии миллати мо давоми садсолаҳо ташаккул ёфтааст
СИЁСИШАВИИ ДИН — ХАТАР БА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА СУБОТИ ҶОМЕА. Андешаҳои профессор Нозим Маҳмадизода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли ғизои солим беҳтарин роҳи ҳифзи солимии шахс мебошад
ШАБОҲАТИ ОИНҲОИ НАВРӮЗӢ ДАР ДАВЛАТҲОИ АВРУПО. Наврӯз ҳоло ба ҷузъи тамаддуни башарӣ табдил ёфтааст