Лигаи Аврупо: ғалабае, ки ба соҳибонаш манфиат наовард

Февраль 24, 2017 14:45

лигаи АврупоДУШАНБЕ, 24.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз дар варзишгоҳҳои футболи кишварҳои Аврупо бозиҳои ҷавобии 1/16-финалии Лигаи ин қитъа доир шуданд. «Зенит»-и Россия дар майдонаш «Андерлехт»-и Белгияро қабул карда, бо натиҷаи 3:1 ғалаба кард, вале ин ғалаба натавонист «Зенит»-ро ба бозиҳои 1/8-ниҳоӣ барорад. Бозии аввали ин дастаҳо бо натиҷаи 2:0 бо пирӯзии «Андерлехт» ҷамъбаст шуда буд.
Новобаста ба ғалаба дар бозии ҷавобии дастаҳои «Рома»-и Италия ва «Вилярреал»-и Испания (0:1) италиявиҳо низ роҳи худро барои Ҷом идома медиҳад.
Ду дастаи Россия -«Ростов» ва «Краснодар» дар бозии ҷавобӣ натиҷаи дилхоҳро бо дастаҳои «Спарта»-и Чехия (4:0, 1:1) ва «Фенербахче»-и Туркия (1:1,1:0) ҳосил карда, ба даври 1/8-ниҳоӣ баромадаанд.
Натиҷаи бозиҳои дигари 1/16-финалӣ чунинанд:
«Селта» (Шотландия)* — «Шахтёр» ( Украина) 2:0, 0:1
«Гент» (Белгия) — «Тотенҳем» (Англия) 2:2, 1:0
«Виляреал» (Испания) — «Рома» (Италия) 1:0, 0:4
«Манчестер Юнайтед» (Англия) — «Сент-Этен» (Франсия) 1:0, 3:0
«АЗ Алкамаар» (Ҳоланд) — «Лион» (Франсия) 1:7, 1:4
«Лудогоретс»(Булғория) — «Копенгаген (Дания) 0:0, 1:2
«Олимпиакос» (Юнон) — «Османлиспор» (Туркия) 3:0, 0:0
«Астра» (Руминия) Генк (Белгия) 0:1, 2:2
«Андерлехт» (Белгия) — «Зенит» (Россия) 1:3, 2:0
«Виляреал» (Испания) — «Рома» (Италия) 1:0, 0:4
«Паок» (Юнон) — «Шалке» (Олмон) 1:1, 0:3
«Атлетик» (Испания) -«АПОЭЛ» Кипр 3:2 3:2
«Легия» (Полша) — «Аякс» (Голандия)0:1, 0:0
«Хапоэл» (Исроил) — «Бешикташ» (Туркия) 1:2, 1:3
«Фенербахче» (Туркия) — «Краснодар» (Россия) 1:1, 0:1
«Ростов» (Россия — «Спарта» (Прага) 4:0, 1:1.

Февраль 24, 2017 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт