Маҳрами Анварзод: «Тамоюли шомилшавии ҷавонон ба сафи созмонҳои ифротию террористӣ коҳиш ёфтааст»

Февраль 28, 2017 14:57

ДУШАНБЕ, 28.02.2017/АМИТ «Ховар»/. «Тамоюли шомилшавии ҷавонони кишварамон ба сафи созмону ҳаракатҳои ифротию террористӣ дар соли 2016 коҳиш ёфтааст, ҳол он ки ин раванд дар соли 2014 авҷ гирифта буд»,-иброз дошт Маҳрами Анварзод, котиби илмии Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Номбурда яке аз омилҳои асосии поён рафтани тамоюли пайвастшавии ҷавононро ба сафи созмону ҳаракатҳои ифротию террористӣ тақвияти ҳамкорӣ ва муборизаи дастаҷамъонаи сохтору ниҳодҳои марбутаи кишвар, хусусан, мақомоти қудратии Тоҷикистон, ниҳодҳои илмӣ- таҳлилии кишвар ва воситаҳои ахбори омма /ВАО/ арзёбӣ намуд. Мавсуф ин нуктаро зимни баргузории ҳамоиш дар мавзӯи «Ҳамкории ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ ва воситаҳои ахбори омма (ВАО) дар мубориза бо андешаҳои тундрав ва ифротӣ», ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, баён кард.
Ҳамоиши мазкур дар партави нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Парлумони кишвар бо ибтикори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти кишвар бо ҳузури кормандони масъули Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҷумҳурӣ, ниҳодҳои илмию таҳлилӣ, коршиносон ва ВАО баргузор гардида, ҳадафаш баррасии масоили марбут ба тақвияти ҳамкории ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ВАО дар мубориза бо андешаҳои тундрав ва ифротӣ мебошад.
Файзулло Баротзода, Директори Маркази исломшиносӣ дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими оғози ҳамоиш зикр намуд, ки дар миқёси сиёсати байналмилалӣ мубориза бар зидди экстремизму терроризм ва гароиши ҷавонон ба сафи созмонҳои тундраву ифротӣ пурзӯр гардидааст. Новобаста ба он, ки дар миқёси ҷаҳон бар зидди фаъолияти созмони террористии «Давлати исломӣ» корҳои зиёд анҷом дода шудаанд ва мубориза идома дорад, вале то ҳанӯз вазъи ноороми сиёсӣ ва муташанниҷи баъзе нуқоти дунё, хусусан бархе аз минтақаҳои Ховари Миёна ҳамчун нуқтаҳои доғи сайёра боқӣ мондааст.
Бо дахли нақш ва мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамкории ниҳодҳои илмию таҳлилӣ ва ВАО-и кишвар, Файзулло Баротзода иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза бар зидди равандҳои номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир дар минтақа ва миқёси ҷаҳон дар сафи пеш қарор дорад. Хусусан Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи қабули санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва андешидани тадбирҳои муассири пешгирикунанда аз ҳар гуна зуҳуроти номатлуб, хусусан ҷилавгирии ҷавонон аз андешаҳои тундрав ва ифротӣ фаъол аст. Ин аст, ки созмонҳои муътабари минтақавию байналмилалӣ аз мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи мубориза бар зидди ифротгароию терроризм ҷонибдорӣ менамоянд. Ҳамзамон Файзулло Баротзода таъкид кард, ки дар мубориза бар зидди андешаҳои тундрав ва ифротӣ бояд ниҳодҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ВАО ҳамкории густурдаро ба роҳ монанд. Дар ин росто таъкид шуд, ки тамоми ниҳодҳои марбута, хусусан идораҳои илмӣ-таҳлилӣ ва ВАО дар шароити ҷаҳонишавӣ ва мубориза бар зидди хатарҳои замони муосир нақши калидӣ ва дар ҳифзи манфиатҳои давлатӣ ва дастовардҳои соҳибихтиёрии кишвар эҳтиёткор бошанд.
Иштирокдорони ҳамоиш ҳамзамон доир ба инъикоси масъалаҳои мубрами динӣ дар ВАО-и кишвар, хилофати виртуалӣ: равишҳои нави таблиғи ифротгароӣ дар фазои иттилоотӣ, нақши расонаҳо дар тарвиҷи фарҳанг, инъикоси мавзӯъҳои вобаста ба экстремизм ва терроризм дар нашрияи расмии «Ҷумҳурият» ва шарҳу таҳлили масъалаҳои динӣ дар ВАО-и ватанӣ: дастовард, камбудӣ, хатар ва чолишҳо ибрози назар намуданд.

Февраль 28, 2017 14:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад