Мария Шарапова ба майдони теннис бармегардад

Февраль 25, 2017 10:42

ДУШАНБЕ, 25.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Теннисбози маъруфи Россия Мария Шарапова баъди ҳукми Федератсияи байналмилалии теннис  аз нав ба майдони рақобатҳои теннис бармегардад. Тавре портали «Sportinglife.com» хабар медиҳад, ин тенисбози шӯҳратёр дар мусобиқаи намоишии Мадрид, ки 4 май шурӯъ мегардад, ба майдон хоҳад омад. Ба ғайр аз Шарапова боз теннисбозон -Кеи Нисикории японӣ ва Фелисиано Лопеси испанӣ барои иштирок дар ин мусобиқа розигии худро додаанд.

Моҳи июни соли 2016 Федератсияи байналмилалии теннис (ITF) Мария Шараповаро барои истеъмоли допинг-мелдония ба муҳлати ду сол аз бозиҳо маҳрум кард. 4 октябр Суди арбитражии варзиш (CAS) ин муҳлатро аз ду соли пешбинишуда ба 15 моҳ кӯтоҳ кард. Мария Шарапова ба нақша гирифтааст, ки 26 апрел дар мусобиқаи Ассотсиатсияи тенниси бонувон(WTA) дар Штутгарт иштирок кунад.

Февраль 25, 2017 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

ФУТБОЛ. Дастаи наврасони Тоҷикистон (U-16) дар мусобиқаи рушди УЕФА дар Минск иштирок мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал ба даври ¼-финалӣ роҳ ёфт
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ-2024. Паҳлавонони тоҷик дар он соҳиби се медали биринҷӣ шуданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бо дастаи Тайиланд бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал дар даври сеюм бо тими мунтахаби Ҷопон вомехӯрад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Қирғизистон дар даври дуюм бозиро мусовӣ анҷом доданд
Сомон Турсунзода дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар Узбекистон соҳиби ду медал гардид
Паҳлавонони тоҷик дар Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Узбекистон оид ба кураш дар Эрон се медали биринҷӣ ба даст оварданд
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври дуюм бо дастаи Қирғизистон бозӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) бозии дуюмашро анҷом дод
ҶОМИ ОСИЁ-2024. Имшаб дастаҳои мунтахаби олимпии Тоҷикистон ва Ироқ бо ҳам бозӣ мекунанд
Пайрав Воҳидов: «Бисёр шодем, ки бозии даври аввали марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2024-ро бо ғалаба анҷом додем»