Маркази миллии қонунгузорӣ бо яке аз донишгоҳҳои бонуфузи Россия созишномаи ҳамкорӣ имзо кард

Февраль 2, 2017 15:39

ДУШАНБЕ, 02.01.2017/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ байни Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Урали Ҷанубии Федератсияи Россия созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Маҳмад Раҳимзода, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти ҷумҳурӣ 2 феврал дар Душанбе ба хабарнигорон гуфт, ки ҳадафи ба имзо расонидани санади мазкур такмили ҳамкории байналмилалӣ ва омода намудани аспирантон тавассути ҳамоҳангсозии дуҷониба мебошад.
Ҳамзамон Маҳмад Раҳимзода аз фаъолияти Маркази миллии қонунгузории назди Президенти кишвар дар соли 2016 натиҷагирӣ намуда, зикр кард, ки бо мақсади такмили қонунгузорӣ, баланд бардоштани сифату самаранокии фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ, таҳлили муқоисавӣ-ҳуқуқии қонунгузории амалкунанда ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва ташкилотҳо мутахассисони Маркази миллии қонунгузорӣ корҳои назррасро ба анҷом расониданд. Хусусан ҷиҳати баланд бардоштани сифати қонунҳо, бартараф кардани мухолифат, номутобиқатӣ ва холигии байни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва мукаммалсозии онҳо ба зиёда аз 100 лоиҳаи қонунҳо, созишномаҳои байналмилалӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи ҳуқуқӣ дода шуд, ки дар маҷмӯъ зиёда аз 900 пешниҳодро дарбар мегирад.
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти кишвар муассисаи илмӣ-тадқиқотӣ ва иттилоотию таҳлилӣ буда, фаъолияти худро тибқи нақшаи корҳои илмию тадқиқотии Марказ барои солҳои 2016-2020 дар мавзӯи «Проблемаҳои актуалии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба роҳ мондааст. Он фарогири проблемаҳои назариявӣ ва амалии қонунгузории маданӣ, соҳибкорӣ, меҳнат, муҳоҷират, сохтори давлатӣ, мақомоти судӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, андозу молия, гумрук, бонк ва буҷет мебошад.

Февраль 2, 2017 15:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд