Масоили вобаста ба паст кардани талафоти неруи барқ ва сатҳу сифати воқеии интиқоли он дар Душанбе баррасӣ гардид

Февраль 7, 2017 11:31

АзимДУШАНБЕ, 07.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар идораи марказии шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе дар ҳузури муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ баргузор гардид. Дар он масоили вобаста ба паст кардани талафоти неруи барқ, сатҳу сифати воқеии интиқоли неруи барқ ба аҳолӣ, корхонаҳои саноатию тиҷоратии пойтахт ва беҳтар намудани вазъи ҷамъоварии маблағи барқ дар шаҳри Душанбе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Муовини Сарвазир таъкид намуд, ки шаҳри Душанбе яке аз истифодабарандагони асосии барқи истеҳсолшавандаи мамлакат ба ҳисоб рафта, дар фасли зимистон ба ҳисоби миёна ҳамарўза 25% барқи истеҳсолгардида ба пойтахт интиқол дода мешавад. Аз ин лиҳоз, таъмини боэътимоди аҳолӣ ва корхонаҳои шаҳр бо неруи барқи сифатнок аз вазифаҳои муҳиму аввалиндараҷаи шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ба шумор меравад.
Пайваста рух додани садамаҳо ва соатҳо бе барқ мондани сокинони пойтахт шаҳодати омодагии нокифояи шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе ба давраи зимистон буда, ин ҳолат дар рўзҳои сармо мушкилоти зиёд эҷод менамояд.
Бо мақсади минбаъд роҳ надодан ба чунин ҳолатҳо муовини Сарвазири мамлакат ҷиҳати ба низом даровардани фаъолияти кормандони соҳа дар ҳар як қитъаи истеҳсолӣ, истифодаи таҷҳизоти каммасраф, баланд бардоштани маданияти истифодаи неруи барқ, эътимоднокии таъминоти барқ ва ҷараёни ҷамъоварии маблағи барқи истифодагардида дар назди шахсони масъули шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе вазифаҳои мушаххас гузоштанд.
Таъкид шуд, ки талафоти тиҷоратии барқ, ки сарчашмаи асосии он истифодаи ғайриқонунии барқ ба шумор меравад, дар шаҳри Душанбе аз меъёр зиёд зиёд буда, сарчашмаи он муросокории баъзе шахсони масъули идораҳои фурўши барқ бо истифодабарандагон мебошад, ки дар натиҷа ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашударо ғайриимкон мегардонад. Роҳбарияти шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки баҳри муайян намудани сабаб ва воситаҳои асосии ин ҳолат тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Муовини Сарвазир дар асоси таҳлили воқеӣ роҳбарият ва масъулони ШСХК «Барқи Тоҷик» ва шабакаҳои барқии шаҳри Душанберо вазифадор намуд, ки ҳолати ҷамъоварии ҳаққи барқи истифодашударо дар шаҳри Душанбе беҳтар намуда, ҷиҳати истифодаи имконияти воқеии дар марҳилаи кӯтоҳ то ба 13 фоиз расонидани сатҳи талафоти неруи барқ дар пойтахти кишвар тадбир андешанд.
Дар интиҳои ҷаласа роҳбарият ва масъулини шабакаҳои барқии шаҳри Душанбе изҳор намуданд, ки дар заминаи такмили баҳисобгирии аниқи неруи барқи интиқолшуда ва баланд бардоштани масъулияти сарнозирон, нозиру назоратчиёни барқ камбудиҳои мавҷударо марҳила ба марҳила ислоҳ карда, барои беҳтарсозии ҳолати ҷамъоварии маблағи барқи истифодагардида ва паст кардани талафоти неруи барқ имконияту иқтидорҳои мавҷударо самаранок сафарбар менамоянд.

Февраль 7, 2017 11:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид