Масрур Абдуллоев: «Эътироф накардани андешаи муътадили миллӣ хоси ақидаҳои ифротиву тафриқӣ аст» (Баҳс атрофи мақолаи С. Фаттоҳзода идома дорад)

Февраль 18, 2017 12:45

Масрур АбдуллоДУШАНБЕ, 18.02.2017 /АМИТ «Ховар»/.  Мақолаи  таҳлилии Саидмурод Фаттоҳзода, муовини аввали Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар мавзӯи «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусалмонӣ Ва ё чаро бояд ҷомеаро аз ангезаҳои хатарзои замони муосир ҳифз кунем?», ки  10 феврали соли равон дар сомонаи АМИТ «Ховар» нашр шуд, ҷонибдорони зиёд пайдо намуд.

Дар мақола муаллиф  раванди  бегонашавӣ ва  ғофил  мондан аз арзишҳои динию  миллиро  хеле хуб инъикос намуда,  аз ҷонибдории  бунёди давлати демократӣ то  вазифаҳои идеологияи сиёсиро маънидод кардааст. Олимону коршиносони тоҷик дар радифи ин мақола андешаҳояшонро баён медоранд.   Масрур Абдуллоев, профессори Донишгоҳи (славянии) Россия ва Тоҷикистон бардоштҳояшро аз ин мақола чунин баён намуд:

—Мақолаи муовини якуми Раиси ҲХДТ С. Фаттоҳзода таҳти унвони «Ҳазорсола раҳ аст аз ту то мусулмонӣ…», қабл аз ҳама, бо хусусияти барномавии худ фарқ карда, дар он муҳимтарин масъалаҳои ғоявию сиёсии  матраҳгардида, нақши «идеологияи ягонаи миллии устувор ва созанда» дар муттаҳид намудани гурўҳ ва қишрҳои гуногуни ҷомеа таъкид гардидааст.

Муаллиф се навъи гурўҳҳоеро, ки «маърифати сиёсии хеле маҳдуд дошта, дар муносибат бо ҷомеа на аз илму маърифат, балки бештар аз эҳсосот кор мегиранд»  дақиқан муайян намудааст, яъне: а) ҷонибдорони ақоиди исломи радикалӣ; б) ҷонибдорони атеизми ҷанговар; в) ҷонибдорони арзишҳои либералии ғарбгароӣ.

Суоле ба миён меояд, ки чаро ақоиди гурўҳҳои мазкур хатарзо буда, ба иттиҳоди миллату ҷомеа таҳдид эҷод мекунанд? Ба назари мо посух ин аст, ки ҷонибдорони онҳо аз ифроту тафрит кор мегиранд, ҳадди эътидолро инкор менамоянд.  Ана ҳамин ифроту тафрит, яъне зиёдаравӣ кардан, аз ҳадди эътидол берун рафтан аввалан андешаву афкорро заҳролуд мекунад ва сипас ба нооромии ҷомеа боис мегардад.  Ба ин хотир, муаллиф дуруст қайд мекунад, ки «ин гурўҳҳо ба ҷуз андешаву афкори манқуртии худ, дигар арзишҳоро билкулл эътироф намекунанд».

Дар ҳақиқат эътироф накардани андешаи муътадили миллӣ ва инчунин арзишҳои хуби миллату фарҳангҳои дигар, хоси ақидаҳои ифротиву тафритӣ аст. Мутаассифона, имрўзҳо ба мушоҳида мегирем, ки на танҳо дар самти радикализми динӣ, балки дар самти фарҳангӣ низ ифроту тафритҳои гурўҳӣ  пайдо шудаанд, ки  арзишҳои вежаи миллати тоҷик, аз ҷумла забони адабии меъёрии онро эътироф  намекунанд ва ҳатто  зидди он дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳамарўза дар ҳоли набард қарор доранд. Ба қавли ҷонибдорони ин гурўҳҳо, тоҷикон забони адабии меъёр надоранд ва бояд забони меъёри форсии Эронро қабул намоянд. Лозим ба ёдоварист, ки чунин ақидаву мавқеи ифроту тафритӣ нисбат ба забони адабии тоҷикӣ, яъне забони меъёри тоҷикон, хеле  зарарнок буда, ба ҳувияти миллии мо латма ворид намуда, ҷавонони нохудогоҳро ба самти нигилизми миллӣ равона месозад.  Вазифаи мо он аст, ки бо чунин ақидаҳои ифротиву тафритӣ дар ҳама самтҳо бояд муборизаи сиёсӣ ва ғоявӣ барем.

Дар самти муборизаи ғоявӣ инҷониб бо муаллиф розӣ аст, ки чунин таъкид кардааст: «… моро зарур аст, пешорўи ин таҳдидҳо миллати худро таҳти як идеологияи устувор ва созанда муттаҳид намоем, чун саҳми идеологияи миллӣ хеле муҳим буда, дар бунёди давлати мо нақши калидӣ дорад».

Заминаву пойбасти идеология ва мафкураи миллии давлатӣ, қабл аз ҳама, дар асарҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба асоснок шудааст. Муаллиф дар ин маврид дуруст қайд кардааст, ки онҳо «имрўз ба ҳайси консепсияи фарогири миллӣ хизмат намуда, барои дар рўҳияи ифтихори миллӣ ва ватандорӣ тарбия намудани насли ҷавон беҳтарин раҳнамо мебошанд».

Дар тақвияти фикри муаллиф метавон гуфт, ки мо дорои идеологияи миллӣ ҳастем, ки ҷавҳари онро ифтихори миллӣ ва эҳсоси ватандорӣ ташкил медиҳад. Аз ин лиҳоз, ба фикри инҷониб, идеологияи миллӣ-давлатии моро метавон идеологияи (ё мафкураи) «ватандории миллӣ» ном бурд. Дар ин маврид дуруст мебуд, агар  вожаи «миллӣ» — ро фарохтар тавҷеҳ намуда, таҳти ин мафҳум кулли ҳашт миллион нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро дар назар дошта бошем. Яъне ватандории миллӣ бо ватандории шаҳрвандӣ бояд як мафҳум дониста  шавад.  Дар ин маврид, дар баробари тоҷикон тамоми халқу миллиятҳои сокини мамлакат бо арзишҳои ягонаи ватандориву ифтихори миллӣ фаро гирифта мешаванд.

Барои фарогир шудани ҳар як мафкура масъалаи таблиғу ташвиқ муҳимтарин самти фаъолият аст. Маҳз аз тариқи таблиғу ташвиқи босаводона  метавон  ин ё он идеологияро фарогир намуд, зеро агар идеология фарогир нашавад, ба худ хислати ҳамагонӣ намегирад. Моҳияти муборизаҳои идеологӣ ҳам дар ҳамин нуҳуфтааст: ҳар як идеология хостори он аст, ки ҷонибдоронашро  миқдоран зиёд бикунад, махсусан аз ҳисоби насли наврасу ҷавон. Ба ин хотир, соҳибони ин ё он идеология ба масъалаи тарғибу таблиғ аҳамияти хеле калон медиҳанд ва бо роҳҳои мухталиф ҳамеша ташвиқот мебаранд. Вазифаи мо дар он аст, ки моҳияти муборизаҳои идеологиро ба назар гирифта, ба масъалаи таблиғу ташвиқ аҳамияти хоса зоҳир намоем ва ба «идеологияи ягонаи миллӣ» хислати ҳамагонӣ диҳем.

Бояд тазаккур дод, ки аз замонҳои қадим идеологияҳои мухталиф бо роҳҳои гуногун  андешаву омоли худро таблиғ кардаанд. Аммо  замони ҳозира аз замонҳои пешин бо рушди бесобиқаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва воситаҳои глобалии ахбори омма (бавижа телевизиони моҳвораӣ ва Интернет) фарқ мекунад. Бесабаб нест, ки муаллифи мақола  чунин қайд кардааст: «… мо бояд аз илму технологияи инноватсионии муосир бархурдор бошем». Дар ҳақиқат дуруст аст!

Лозим ба ёдоварист, ки ин тафовут имрўз усулҳои нави таблиғу ташвиқро рўйи кор оварда, аз ҷумла аҳамияти  журналистикаи муосирро, махсусан вазифаи идеологии онро (дар баробари панҷ вазифаи дигари он, ки бо вазифаи идеологӣ робитаи зичтарин доранд) ба сатҳи аввал баровардааст. Зеро маҳз ВАО ва журналистикаи мусаллаҳ бо усулҳои касбияти пешқадами муосир қодиранд амнияти оммавӣ-иттилоотии мамлакатро дифоъ кунанд  Бо назардошти ин нукта, ВАО ва илми журналистикаи тоҷик, ҳамчун пешгому пешсафи муборизаҳои мафкуравӣ дар самти таблиғу ташвиқи насли наврасу ҷавон дар рўҳияи ватандориву ифтихори миллӣ бояд яке аз самтҳои афзалиятноки илму маорифи кишвар дониста шуда, аз ҷумла васеъ ба роҳ мондани тахқиқоти илмии соҳаи журналистика ҳамаҷониба дастгирӣ гардад.

Чунонки дар боло зикр намудем, мақолаи муовини якуми Раиси ҲХДТ С. Фаттоҳзода  хусусияти гуногунҷабҳаи барномавӣ дошта,  баррасии ҳама паҳлӯҳои он берун аз имкони мост. Танҳо таъкид мекунем, ки кормандони ВАО-и кишвар, дигар таблиғкунандагони  арзишҳои волои миллии тоҷикӣ, бояд ин мақоларо амиқан мутолиа намуда, дар фаъолияти рўзмарраи худ самаранок истифода бикунанд.

 

Лайло ТОҲИРӢ

Февраль 18, 2017 12:45

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд