Муҳаммад Эгамзод: «Юлия Вербитская — ошиқ ва тараннумгари фарҳанги тоҷикон»

Февраль 20, 2017 15:21

ДУШАНБЕ, 20.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шиносоӣ бо бонуи рус Юлия Владимировна Вербитскаяро метавонам ба даҳгонаи дарёфти ёру дӯстони беҳтарин дар замони фаъолияти дипломатиям дар Маскав рабт диҳам.
Чанд соли таҳсил дар Академияи дипломатии Русия ва баъдан солҳои фаъолияти густурда дар Сафорати Тоҷикистон дар ин кишвар фурсатҳои басо хубу мусоидро фароҳам оварданд, ки бо одамони касбу кори гуногун ошноӣ пайдо кунам, ҳамнишини шахсиятҳои шинохтаи арсаи сиёсату иқтисод, илму фарҳангу ҳунар бошам. Аз кору зиндагӣ дар Маскав — ин бузугшаҳри бепаҳно, шаҳри пурҷӯшу хурӯш, ки ҳатто шабу рӯзаш фарқ надоранд, кӯлбори хотираҳои ширин дорам…
Юлия ошиқи Тоҷикистон аст. Алоқамандии беҳадду канорае дорад ба фарҳанги зебо, нотакрор ва дилпазири мо. Бахусус, шефтаи санъати тасвирии тоҷикон аст. Ӯ чун ҳунаршиноси коллексионер ҳудуди 300 асари наққошии Тоҷикистонро гирд овардааст, онҳоро дар ҷашнҳои фарҳангии тоҷикон дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия ба намоиш мегузорад ва зимнан ҳунари наққошии тоҷикиро таблиғ мекунад. Силсилаи «Зодагони авангарди Русия дар Тоҷикистон» — намоишгоҳи осори рассомии садаи ХХ Тоҷикистон, ки дар бойгонии ӯст, басо диданист. Хонум Вербитская ба ҷанбаъҳои нодири наққошии тоҷик дар садаи ХХ ва пайванди бевоситаи он бо анъанаҳои авангарди рус ва фарҳанги бостонии мардуми тоҷик таъкид мекунад.
Юлия -2-На танҳо осори устодони ҳунари наққошии рус, монанди Фалк, Филонов, Кузнетсов ва Шагал ба рассомони асри ХХ-и тоҷик таъсири амиқ доштанд, балки миниатюраи форсу тоҷик, ҳунари қарни вустои Осиёи Марказӣ, мероси пурғановати он, ки дар тахайюлгароии шаклҳо ва таҷрибаҳои рангу рӯшноӣ низ дар рушди он саҳм гирифтаанд, нақши амиқ доштаанд. Дар натиҷаи омезиши ду фарҳанг падидаи хосе ба вуҷуд омад, ки онро мактаби наққошии қарни ХХ-и тоҷик метавон унвон кард. Осори беҳтарин намояндагони он — Зуҳур Ҳабибуллоев, Любов Фроликова, Сабзалӣ Шарифов, Раҳим Сафаров, Мурувват Бекназаров ва даҳҳо дигар рассомони барҷастаи тоҷик эътирофи ҷаҳонӣ пайдо кардаанд ва идомаи мантиқии ковишҳои авангардистҳо ё пешкисватони бузург шумурда мешаванд,- мегӯяд Юлия Вербитская.
Мавриди зикр аст, ки маҳз ба шарофати ӯ осори ҳунари баланди нигоргарони тоҷик дар Маскав ва шаҳрҳои дигари Русия ба маърази намоиш гузошта мешаванд, ки онҳо на танҳо дар Тоҷикистон, балки ҳамчунин дар Русия, Иттиҳоди Аврупо, Канада ва ИМА шуҳрат доранд. Бинандагони намоишгоҳи хусусии ӯ бо осори нодире ошно мешаванд, ки Юлия Вербитская солҳои зиёд ҷамъоварӣ кардааст. Ин мусаввараҳо асосан ба чеҳраҳои шахсони таърихӣ ва ҳамзамонони рассомони тоҷикистонӣ бахшида шуда, табиати зебо, ҳаёт ва расму русуми миллии тоҷикон, дар маҷмӯъ фарҳанги нотакрори Тоҷикистонро таҷассум менамоянд.
Дар ёд дорам, ки 9 июли соли 2015 Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар меҳмонсарои «Шератон»-и шаҳри Уфаи Бошқирдистон намоиши осори наққошони тоҷикро якҷо бо хонум Вербитская баргузор намуда буд. Ин намоиш ҳамзамон дар рӯзҳое баргузор гардид, ки дар ин меҳмонсаро мулоқоти навбатии роҳбарони кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, БРИКС ва Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё доир гашт ва дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ иштирок доштанд.
Он рӯзи таърихӣ дар Уфа намоиши осори рассомони мо таҳти унвони «Шоҳкориҳои чеҳранигорӣ дар кишвари кӯҳистони Тоҷикистон»-ро Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Бошқирдистон Рустам Ҳамидов ифтитоҳ намуданд. Хонум Вербитская баъди дидори кӯтоҳе дар шаҳри Уфа бо Сарвари давлати тоҷикон, ки ба ӯ ҳангоми ифтитоҳи ин намоиш як асари беҳамтои санъати тасвириро туҳфа намуданд, аз ифтихор ба ваҷд омада, ба ман гуфта буд: «Медонӣ, дӯстам, аз бархӯрди нахустин ва басо рамзӣ дар ҳаётам бо Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон беандоза шодам. Сарвари миллате бо чунин фарҳанги бою нодир нафари шоистае бояд бошад. Эмомалӣ Раҳмонро ман дар дидори аввалу суҳбати кӯтоҳ, вале хеле пурмуҳтаво ҳамчунин дарёфтам. Ӯ дар баробари сиёсатмадори барҷаста будан, шахсияти нодири фарҳангӣ низ мебошад, ки дарки ниҳоят амиқи асрору вижагиҳои санъати тасвириро доштааст. Ман инро самимона мегӯям, қоилам!».

Бознашр аз маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»

Февраль 20, 2017 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вобаста ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд