Муаррифии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» дар Олмон

Февраль 1, 2017 11:18

Вода для ус.-0ДУШАНБЕ, 01.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ҷиҳати ташвиқи ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», ки аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Форуми 7-уми ҷаҳонии об пешниҳод шуда буд, муаррифиномаи ҳадафҳои ин Қатъномаро бо забони олмонӣ таҳия ва байни вазорату идораҳои дахлдор, сафоратхонаҳои муқими кишвари иқомат ва ВАО-и Олмон ирсол намуд.
Ҳамзамон сомонаи иттилоотӣ-маълумотии BERLIN- 24 рӯзи 25 январи соли 2017 хабари иттилоотиро аз нишасти матбуотии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар робита ба қабули Қатъномаи МУ СММ «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дар шакли муфассал дар сомонааш нашр намуд.

Февраль 1, 2017 11:18

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд