Мулоқоти Пешвои миллат бо муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Юлдирим Туғрул Тюркеш

Феврал 17, 2017 12:21
32566672060_59a3d0dca3_z

ДУШАНБЕ, 17.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат муовини Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Юлдирим Туғрул Тюркешро ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои гуногунҷанбаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифта, вохӯрии имрӯза идомаи мантиқии ҳавасмандии дуҷониб ба рушду тавсеаи бештари робитаҳо арзёбӣ гардид.

Таъкид шуд, ки имсол аз барқароршавии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Туркия 25 сол сипарӣ шуд ва дар айни замон зиёда аз 60 санади байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ дар соҳаҳои сиёсат, иқтисод, тиҷорат, илму фарҳанг ва ғайра раванди ин ҳамкориҳо танзим менамояд.

Ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни ду давлат новобаста аз таъсири бӯҳрони иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ устувор арзёбӣ гардида, тақвияти кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, ташкилу гузаронидани Форуми соҳибкорон ва фаъол гардонидани Шӯрои ҳамкории Тоҷикистону Туркия ҳамчун воситаҳои муассири таҳкимбахшандаи муносибатҳои дуҷониба маънидод шуд.

Барои ҷалби доираи соҳибкорию сармоягузории ҷониби Туркия дар татбиқи лоиҳаҳои бунёди корхонаҳои муштарак дар чор минтақаи озоди иқтисодии Тоҷикистон, ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар бахшҳои саноат, кишоварзӣ, нақлиёти байналмилалӣ, туризм ва тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар бахшҳои энергетикаву коммуникатсия ҳавасмандӣ зоҳир гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин ҷиҳати тавсеаи ҷанбаҳои гуманитарии ҳамкориҳо, хусусан ҳифзи фазои идеологии кишварҳо аз паҳншавии ақидаҳои ифротиву тахрибгарона табодули афкор карда, доир ба муҳимияти ҳамгироии дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Туркия дар мубориза алайҳи терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар ҷиноятҳои фаромарзӣ фикру мулоҳизаҳои судманд баён намуданд.

32132799323_898d41daa0_z32906586636_606e45cbe4_z 32823176461_344b5095bb_z

Феврал 17, 2017 12:21

Хабарҳои дигари ин бахш

34299399055_2028ac6f19_zМаҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Касри миллатМубодилаи барқияҳои табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Иҷрокунандаи вазифаи Президент — Сарвазири Ҷумҳурии Корея Хван Гё Ан
33415319894_37ab8bc5d0_zМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Штатҳои Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотел
Монголия 2Барқияи табрикии Президенти Монголия Тсахиагийн Элбегдорж ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Цахиагийн Элбэгдорж МонголияБарқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Монголия Тсахиагийн Элбегдорж
Порошенко1Барқияи табрикии Президенти Украина Пётр Порошенко ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Пётр ПорошенкоБарқияи табрикии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Пётр Порошенко
33974750152_8cce637ac7_zТаъиноти кадрӣ дар сохтору воҳидҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
33189680144_e3151b0e3a_zИштироки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти ғайрирасмии Сарони давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ
Э. Рахмон-сомолётСафари кории Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон
Эмомали Рахмон и Пратибха МехтаМулоқоти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Ҳамоҳангсози доимӣ, Роҳбари нави Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон хонум Пратибҳа Меҳта
Қабули эътимоднома аз 5 сафири нав 11.04.2017Қабули эътимоднома аз 5 сафири нав