Мусобиқаи вилоятии футбол барои дарёфти «Бойчечак» ҷамъбаст гардид

Февраль 22, 2017 17:29

ДУШАНБЕ, 22.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд дар ҳамкорӣ бо Федератсияи футболи вилояти Суғд бахшида ба Соли ҷавонон барои дарёфти Ҷоми «Бойчечак» байни наврасони соли таваллудашон 2002-2003 дар варзишгоҳи «Лочин»-и шаҳри Хуҷанд мусобиқаи вилоятӣ баргузор намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, дар натиҷа футболбозони дастаи «Хуҷанд» ғолиби мусобиқа гардида, ба гирифтани ҷом, дастаҳои шаҳри Истаравшан ба гирифтани мақоми дуюм ва «Хистеварз» ба гирифтани мақоми сеюм шарафёб гардида, бо ифтихорномаҳои мусобиқа сазовор гардиданд.

Февраль 22, 2017 17:29

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»