Никоҳи Фузулӣ хилофи мазҳаби мост!

Февраль 9, 2017 16:28

ДУШАНБЕ, 09.02.2017. /АМИТ “Ховар”/. Дар фиқҳи исломӣ масъалаи никоҳ, танзими умури оилаву хонадорӣ ва ҳуқуқҳои зану шавҳар дар қатори мавзўъҳои калидӣ қарор дорад. Яке аз бандҳои муҳим дар ҷадвали табақабан­дии ин ҳукми шаръӣ никоҳи фузулӣ мебошад. Мутаасифона, ин масъалаи фаръӣ ва фиқҳӣ дар муҳити ҷамъиятӣ ва динию фарҳангии кишвари мо як зуҳури тоза касб карда истодааст. Аз ин ҷиҳат, зарур аст, ки сокинони ҷумҳурӣ дар бораи никоҳи фузулӣ, пайдоиш ва ворид шудани ин истилоҳи фиқҳӣ ба муносибатҳои ҳуқуқӣ огоҳӣ дошта бошанд

Пас шахси фузулӣ кист, ҳукми он шахс дар анҷом додани ақди никоҳ аз нигоҳи фиқҳӣ чист ва чӣ натиҷа ба бор меоварад? Шартҳои дуруст ё нодуруст будани никоҳи фузулӣ дар чӣ ифода меёбад ва оё шахси фузулӣ ҳаққи бекор кардани ақди никоҳро пеш аз иҷозат додани валӣ дорад?

Бояд зикр шавад, ки никоҳи фузулӣ яке аз масъалаҳои ихтилофӣ дар байни донишмандони фиқҳи исломӣ буда, мавқеи соҳибназарони мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат доир ба дарёфти роҳҳалҳои он гуногун аст. Маънои вожаи “фузулӣ” дар баёни забонии он чунин аст: “Он ки дар коре, ки ба ӯ марбут набошад, дахолат намояд” ва “он ки дар кори дигарон беҷо дахолат кунад”. Аммо ҳамчун истилоҳи фиқҳӣ никоҳи фузулӣ ҳамон аст, ки бе иҷо­за­ти ваколати зан ва мард ё яке аз он ду шахси сеюм масъалаи ақди никоҳи онҳоро анҷом диҳад.

Никохи фузули-3

Дар асоси муқаррароти фақеҳони мазҳаби ҳанафӣ ва мазоҳиби дигари аҳли суннат ва ҷамоат дар чунин шакл баста­ни ақди никоҳ амали бидъат ва хилофи меъёрҳои шаръӣ дониста мешавад, ки ногузир паё­мад­ҳои манфӣ барои хонавода ва ҷомеа ба бор меоваранд. Аслан мазҳаби таҳаммулпазири ҳанафӣ бе ризоияти писару дух­тари ҷавон бастани никоҳро дуруст намедо­над. Гуфтан ба маврид аст, ки ризояти зан дар ақди никоҳ, пеш аз ҳама, муҳим аст ва агар зан нахоҳад он ақди никоҳ ҷоиз нест. Фақеҳони ҳанафӣ дар ин маврид ҳадиси зеринро ҳамчун далел ёдовар мешаванд: “Аз Хансо бинти Хидом ал-Ансорӣ ривоят аст, ки ўро падараш ба занӣ дод. Пас Хансо он издивоҷро напазируфт ва ба назди Пайғамбар (с) омаду гуфт: “Эй Пайғамбари Худо, ҳамоно падарам маро ба занӣ дод ва ман намехоҳам”. Сипас Пайғамбари Худо (с) никоҳи падарашро рад кард”.

Дар фазои ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол тамоми масъалаҳои марбут ба оиладорӣ ва бастани номаи никоҳ дар асоси қонунгузории амалкунанда ба роҳ монда шудааст. Вале ҳолатҳои дахолати монанд ба муқаррароти никоҳи фузулӣ дар баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо сабаби миёнаравии куҳансолон ба мушоҳида мерасад, ки хилофи талаботи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ дар давлати Тоҷикистон мебошанд. Шояд яке аз сабаб­ҳои зуҳури ин падида муддати тўлонӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ боқӣ мондани волидайни ҷавонон бошад. Ҳолатҳое рўй додааст, ки баъди огоҳӣ ёфтани волидайн ё баргаштани онҳо аз мусофирати меҳнатӣ ин тарзи муносибат дар бастни никоҳ боиси ҷанҷолу нооромӣ ва вайроншавии оилаҳои ҷавон гардидааст.

Лозим ба ёдоварӣ аст, ки насли ҷавон дар масъалаи ақди никоҳ ва муносибатҳои оиладорӣ тибқи му­қар­рароти қонун­гу­зо­рии амалкунандаи кишвари соҳи­бис­тиқ­лоламон амал менамоянд ва дониста бошанд, ки ҳукумат ва давлати То­ҷи­кистон ҳуқуқҳояшонро дар ин самт ҳамаҷониба ҳимоят мекунад.

 

Мутеъуллоҳ НАҶОТЗОДА,

муовини директори Маркази исломшиносӣ

дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Маҳмадӣ НАБОТОВ,

сармутахассиси Шуъбаи пажўҳиши фиқҳи

исломии Маркази исломшиносӣ дар назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Февраль 9, 2017 16:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд