Ниёз Қурбонов: «Дар ҷумҳурӣ омӯзиши касбҳои кулолгарӣ, оҳангарӣ, кор бо металлҳо ва дӯхти либосҳои мактабӣ роҳандозӣ гардид»

Февраль 24, 2017 14:41

ДУШАНБЕ, 24.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Зимни пешниҳоди Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои шуғли аҳолӣ, баланд бардоштани касбияти захираҳои меҳнатӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ба ҳайси афзалиятҳо муайян гардидаанд.
Дар партави ҳамин дастуру супоришҳои Пешвои миллат бо муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниёз Қурбонов мухбири АМИТ «Ховар» ҳамсуҳбат гардид.
«Дар масъалаи таъсиси ҷойҳои корӣ бояд ҳаминро қайд намоям, ки воқеан ҳам таъсис додани ҷойҳои корӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёти ҷумҳурӣ яке аз омилҳои муҳим дар таъмини аҳолӣ бо ҷойи кор ба ҳисоб меравад. Зимни пешниҳоди Паём аз ҷониби Сарвари давлат дастур дода шуд, ки дар ҷумҳурӣ бояд ҳар сол на кам аз 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд. Мувофиқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2016 дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар зиёда аз 150 ҳазор ҷойҳои корӣ таъсис дода шуданд»,-гуфт Ниёз Қурбонов.
Бино ба гуфтаи мусоҳиб, бешубҳа ин раванд дар соли оянда низ идома меёбад. Зеро дар миқёси ҷумҳурӣ ташкилоту муассисаҳо, корхонаҳои нави саноатӣ таъсис ёфта, барои бо кор таъмин гардидани корҷӯён, шаҳрвандони бекор, ҷавонон ва занон мусоидат менамояд.
«Масъадаи муҳиме, ки дар Паёми пешвои миллат зикр гардида буд — ин рушди соҳибкории хурду миёна мебошад. Бояд гуфт, ки рушди соҳибкории хурду миёна барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат мекунад. Агар мо таҳлили таъсиси ҷойҳои кориро дар миқёси ҷумҳурӣ гузаронем, маълум мегардад, ки зиёда аз 63-67 %-и ҷойҳои корӣ ба бахши хусусӣ, яъне ба бахши соҳибкорӣ рабт доранд. Аз ҷониби Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар доираи барномаи давлатии мусоидат ба шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони бекор қарзҳои имтиёзнок пешбинӣ шудаанд, ки ин қарзҳо асосан ба се самт ҷудо карда мешаванд: ба самти тиҷорат, хизматрасонӣ ба аҳолӣ ва истеҳсолот. Яъне нафароне, ки курсҳои соҳибкориро мегузаранд, ба онҳо қарзҳои имтиёзноки бефоиз ҷудо карда мешаванд. Мӯҳлати истифодаи ин қарзҳо аз як то якуним сол буда, баъди ба итмом расидани муҳлат шаҳрванд бе ягон фоиз онро бармегардонад. Маблағи бозгаштаро мо барои дастгирии дигар шаҳрвандон пешниҳод мекунем. Соли гузашта мо қариб ба 4 ҳазор нафар дар ҳаҷми зиёда аз 12 млн сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пешкаш намудем»,-афзуд Ниёз Қурбонов.
Афзоиши табиии аҳолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна аз 2 то 2,5%-ро дар як сол ташкил медиҳад. Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ тамоми тадбирҳоро меандешад, то аҳолии мамлакат бо таҳсили касбӣ фаро гирифта шаванд.
«Дар ин раванд ҳаминро мехостам зикр намоям, ки дар Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ низоми таълими касбии калонсолон фаъол буда, он 73 филиалро дарбар мегирад. Дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ мо чунин марказҳо ва намояндагиҳо дорем, ки барои аз тайёрии касбӣ гузаштани аҳолӣ хизмат мекунанд. Бояд гуфт, ки соли ҷорӣ ба омӯзиш ва рушди ҳунарҳои мардумӣ афзалият дода, ба ин соҳа бештар занону духтарон ҷалб карда мешаванд. Дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат имсол мо аллакай як зумра барномаҳои таълимии навро ба низоми хизматрасонии таълимии касбӣ ворид намудем. Аз оғози сол дар марказҳои тобеи вазорат омӯзиши касбу ҳунарҳои кулолгарӣ, оҳангарӣ, кор бо металлҳо ва дӯхти либосҳои мактабӣ роҳандозӣ гардид. Дар ин марказҳо 54 касбу ихтисос омӯзонида мешаванд»,-илова намуд муовини директори Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ниёз Қурбонов.

Февраль 24, 2017 14:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад