Омӯзиши Конститутсия ба ташаккули заминаҳои боварӣ ва эътиқоди насли ҷавон нисбат ба қонун ва сиёсати ҳуқуқӣ нигаронида шудааст

Февраль 28, 2017 13:56

ДУШАНБЕ, 28.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Парлумон 22 декабри соли 2016 бори дигар барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ тамоми мақомоти давлатиро вазифадор намуданд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар байни аҳолӣ густариш диҳанд ва ҳамзамон Вазорати маориф ва илмро вазифадор намуданд, ки омӯзиши ҳатмии Конститутсияро дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монад.
Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқ Даврон Ҳошимзода оид ба ҳадафҳои созандаи Паёми Пешвои миллат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр намуд, ки дурнамои иқдоми наҷиби Пешвои миллат, яъне ба роҳ мондани омӯзиши Конститутсия дар барномаҳои муассисаҳои таълимӣ барои такмили донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, ба воя расонидани насли ҷавон дар рӯҳияи эҳтиром ба қонун ва арзишҳои миллӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносию ватандӯстии онҳо, тарғиби арзишҳои демократӣ, таъмини фаъолнокии сиёсии ҷавонон дар идораи давлатӣ, ҳамчунин аз синни наврасӣ бархӯрдор будани шаҳрвандон аз ҳуқуқу уҳдадориҳои конститутсионии худ мусоидат мекунад.
Ба роҳ мондани омӯзиши ҳатмии Конститутсия дар муассисаҳои таълимиро Даврон Ҳошимзода ҳамзамон барои бархӯрдор будани ҷавонон аз таърихи қабули Конститутсия, аҳамияти муҳими арзишҳои конститутсионии дар он инъикосгардида, ташаккули заминаҳои боварӣ ва эътиқоди насли ҷавон нисбат ба қонун ва сиёсати ҳуқуқӣ, баланд гардидани ҳисси ватан¬дӯстию хештаншиносии онҳо, мустаҳкам кардани асосҳои ҳуқуқии фаъолият ва интизоми ҷавонон, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, инчунин воқиф гардидани насли ҷавон аз воситаҳои конститутсионии амалишавӣ ва ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонуниашон арзёбӣ намуд.
Бояд зикр намуд, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол соли 1994 дар шароити ниҳояти мураккаби вазъи сиёсии кишвар бо заҳмату талошҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва иродаи якдилонаи ҷомеаи навини Тоҷикистон, ки қадамҳои нахустини худро барои касби истиқлол мегузошт, тавассути раъйпурсӣ қабул гардид.
Ба андешаи Судяи Суди конститутсионӣ, Конститутсия, ки дар худ орзуву омоли чандинасраи халқи худогоҳу хештаншиносро баҳри бунёди ҷомеаи адолатпарвар инъикос намудааст, барои устувории соҳибихтиёрӣ, бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд, пойдории ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, суботи сиёсӣ, таъсиси низоми самарбахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ, ба миён омадани рукнҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, таҳкими ғояҳои инсондӯстона дар тафаккури ҷомеа, татбиқи принсипи таҷзияи ҳокимият ва шинохти Тоҷикистон дар арсаи сиёсати ҷаҳонӣ чун субъекти комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ нақши созгору таърихӣ дорад.
Бо қабули ин ҳуҷҷати муҳими сиёсиву ҳуқуқӣ давра ба давра исло-ҳоти ҳуқуқӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ дар кишвар амалӣ гардида, бинобар татбиқи бомароми ҳадафҳои созандаи пешгирифтаи давлату Ҳукумат дар як муддати кӯтоҳ рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ таъмин гардид ва сатҳу сифати зиндагии мардум тадриҷан боло бардошта шуд.
Дар асоси ислоҳоти ҳуқуқӣ тамоми қонунгузории кишвар тавассути қабули қонунҳои муҳими ба талаботи замони нав ҷавобгӯ такмил дода шуда, муқаррароти онҳо ба Конститутсия мутобиқ гардонида шуданд ва принсипи конститутсионии волоияти Конститутсия ва таъмини амали бевоситаи меъёрҳои он дар қаламрави кишвар таъмин гардида, барои дар рӯҳияи эҳтирому риояи қонун рушду такомул ёфтани ҳар фарди ҷомеа заминаи мусоиди ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд.
Бо назардошти омилҳои сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоии инкишофи давлату ҷомеа, тақвияти заминаҳои бунёдии ваҳдату суботи сиёсӣ дар мамлакат, талаботи муносибатҳои ҷамъиятии рушдёбанда, ташаккули низоми ҳуқуқӣ ва дигар омилҳои муҳим дар асоси ислоҳоти конститутсионии солҳои 1999, 2003 ва 2016 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ дар фазои озоду демократӣ ба Конститутсия бо ҷонибдории аксарияти мардуми кишвар тағйиру илоҳо ворид карда шуданд.
Иштироки фаъоли ҷомеаи Тоҷикистон дар чорабиниҳои муҳими сиёсӣ, яъне раъйпурсии умумихалқӣ ба ҷомеаи ҷаҳон маърифати ҳуқуқӣ ва фарҳанги волои сиёсию демократии аҳолии Тоҷикистонро нишон дода, собит сохт, ки роҳи интихобкардаи Тоҷикистони ҷавону соҳибис-тиқлол ба хотири таъмини зиндагии шоиста ва саодати тамоми сокинони кишвар равона гардидааст.

Бобати таҳкими минбаъдаи раванди демократикунонии ҷомеа, тарғиби арзишҳои демократӣ ва ба ин васила таъмини фазои демократӣ дар кишвар 1 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷараёни демократикунонии ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар ҷумҳурӣ» қабул гардид. Ҳамчунин бо қарори Ҳукумати Чумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2009 «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019» тасдиқ карда шуд.
Судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илми ҳуқуқ Даврон Ҳошимзода зикр намуд, ки қабул ва татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси худогоҳиву худшиносӣ ва ватандӯстию эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳо, риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ, хусусан ҷавонони мамлакат мусоидат менамояд.

Мавҷуда АНВАРӢ

 

Февраль 28, 2017 13:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид