Озмунҳои «Таронаи донишҷӯӣ», «Донишҷӯи сол» ва «Беҳтарин мудири шуъбаи кор бо ҷавонон» ҷамъбаст шуданд

Февраль 3, 2017 17:21

ДУШАНБЕ, 03.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев озмунҳои «Таронаи донишҷӯӣ», «Донишҷӯи сол» ва «Беҳтарин мудири шуъбаҳои кор бо ҷавонон» байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ҷамъбаст гардиданд.
Иброҳим Мирзоев, сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе баён намуд, ки тантанаҳои донишҷӯӣ ба муносибати аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ба роҳ монда шудаанд. Дар озмун беҳтарин донишҷӯён аз муассисаҳои олии кишвар иштирок намуда, ғолибон интихоб шуданд. Ҳоло дар саросари кишвар барномаҳои фарҳангӣ, сиёсӣ, маърифатӣ, иттилоотиву варзишӣ ва солимгардонӣ байни ҷавонон идома доранд, ки онҳо метавонанд ба шукӯҳу шаҳомати Соли ҷавонон мусоидат намоянд.
Робия Қурбонова, сардори шуъбаи тарбияи филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе иброз дошт, ки аз соли 2015 чунин озмунҳо байни донишҷӯён баргузор ва донишҷӯёни филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар озмунҳои мазкур иштирок намуда, соҳиби ҷойҳои намоён мегарданд. Имрӯз донишҷӯёни филиали ДДМ дар озмуни «Донишҷӯи сол» ҷои сеюм ва дар «Таронаи донишҷӯӣ» ҷои дуюмро ишғол намуданд.

Февраль 3, 2017 17:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид