Озмуни ҳунарии «Истеъдоди сарбоз» ба 24-солагии таъсиси Артиши миллӣ бахшида шудааст

Февраль 22, 2017 17:32

ХУҶАНД, 22.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 24-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии 051056-и Гвардияи миллӣ, воқеъ дар вилояти Суғд таҳти унвони «Истеъдоди сарбоз» фестивал- озмуни ҳунарӣ баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз комиссариати ҳарбии вилояти Суғд иттилоъ доданд, ҳадафи озмуни мазкур таблиғи ғояҳои ифтихори миллӣ ва ватанпарастӣ дар байни сарбозону афсарон, ифтихор аз истиқлолият, дастгириву ҳавасмандгардонии ҷавонони эҷодкор дар жанрҳои санъати миллӣ, дарёфти истеъдодҳои нав ва сайқал додани маҳорату малакаи хизматчиёни ҳарбӣ мебошад.
Дар озмун намояндагони панҷ дастаи қисми ҳарбӣ — баталйони якуми ҳарбии зудамал, баталйони дуюми зудамал, ротаҳо ва взводҳои алоҳидаи раёсати қисми ҳарбӣ, дивизиони артиллерӣ ва ротаи қисми таълимӣ ширкат намуда, ҳунари худро намоиш доданд.

Февраль 22, 2017 17:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»