Панҷи Поён: «Интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор ва пешгирӣ гардид»

Февраль 23, 2017 12:22

ДУШАНБЕ, 23.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Кормандони гумруки «Панҷи Поён»-и Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Хатлон ҳодисаи интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор ва пешгирӣ намуданд.
Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, 21 феврали равон дар толори азназаргузаронии шаҳрвандони гумруки «Панҷи Поён» ҳангоми гузаронидани муоинаи гумрукии Ҷамшед Носир, шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, истиқоматкунандаи вилояти Ҳирот, соли таваллудаш 1992, бо гумони дар боғоҷи дастиаш доштани маводи монанд ба маводи нашъаовар мавриди боздошт қарор гирифт.
«Ташхиси лаборатории Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот намуд, ки маводи дарёфтгардида ба навъи психотропии «Метамфитамин» мансуб буда, вазни холиси он 3 килограмму 905 граммро ташкил медиҳад»,- хабар дод манбаъ.
Аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба Ҷамшеди Носир бо дастрасии моддаи 200 қисми 4, банди «Б» ва моддаи 289 қисми 3, банди «Г»-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба Прокуратураи вилояти Хатлон ирсол карда шуд.

Панҷи Поён «Интиқоли ғайриқонунии маводи мухаддир ошкор ва пешгирӣ гардид» (1)

Февраль 23, 2017 12:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Хатлон якчанд ноҳия даъвати баҳориро ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд
Дар шаҳри Бӯстон вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуд
Тоҷикистон дар самти мубориза бо терроризму экстремизм яке аз давлатҳои пешсаф аст
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
Байни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?
Дар Истаравшан гурӯҳи нахустини ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст
Дар Душанбе масъалаи татбиқи марҳилаи дуюми низоми «Шаҳри бехатар» баррасӣ шуд
Дар Суғд нахустин гурӯҳи даъватшавандагонро ба таври тантанавӣ ба хизмати ҳарбӣ гусел намуданд
Ҷавонписарони сарбаланди шаҳри Роғун хизмат дар сафи Артиши миллиро барои худ шараф медонанд
Модарони ноҳияи Варзоб фарзандонашонро бо дуои нек ба хизмати Ватан-Модар гусел намуданд