Паём – барномаи мукаммал барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ

Февраль 1, 2017 17:11

ДУШАНБЕ, 01.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Паёмҳои ҳарсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи мукаммали таҳкими самтҳои фаъолият ва амалисозии мақсаду маромҳои дар назди мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ гузошташуда барои як сол ва ояндаи кишвар мебошанд. Нуктаҳои Паём асоси дилгармии ҳар як шаҳрванди соҳибандеша бобати таъмини зиндагии арзанда ва фаъолияти масъулиятноки ў дар ҷомеа мебошанд. Дастуру ҳидоят ва супоришу вазифагузориҳое, ки аз Паёми Пешвои миллат бармеоянд, ҳамагӣ ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, таъмини амнияти миллӣ ва таъмини пешрафти иқтисодии мамлакат нигаронида шудаанд.

Таъмин намудани шароит барои зиндагии арзандаи сокинони кишвар ва ё паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ ҳадафи олии давлат ва Ҳукумати мамлакат мебошад. Дар ин самт Ҳукумати мамлакат тамоми захираву имкониятҳоро барои расидан ба ҳадафҳои гузошташуда сафарбар намуда истодааст.

Замони муосир замони пурпечутобест, ки бархӯрду мушкилоти азимеро ба дунбол дорад. Ҳар лаҳзаи бархӯрди муносибатҳо тағйирпазир буда, инсониятро пешорўи интихоби мушкил қарор медиҳанд. Дар ин замина танҳо кишварҳо ва ҷомеаҳое бурд мекунанд, ки самти дуруст ва устуворро дар масири сиёсати дохилию хориҷии худ интихоб кардаанд. Вобаста ба мушкилоти имрўзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ Президенти мамлакат дар ҳошияи Паёми худ самтҳои дуруст ва мақсаднокро дар самти сиёсати дохилию хориҷӣ муайян намуданд. Ин имкон медиҳад, ки Ҳукумати кишвар мушкилоти ҷойдоштаро  дар самтҳои муайян сари вақт ҳал кунад.

Бояд хотир нишон намуд, ки солҳои аввали истиқлолият барои мардуми мо давраи озмоиши сахту сангини таърих буд. Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ барои мардуми тоҷик даврони басо мушкили зиндагӣ ва барои давлат даврони сангини идораи давлатдорию рушди иқтисодӣ ба шумор мерафт. Хушбахтона, бо ба даст овардани Ваҳдати миллӣ мушилот пайи ҳам роҳҳои ҳалли худро ёфтанд. Баробари ба даст овардани Ваҳдати миллӣ орзую армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди иктисодии кишвар ва шароити хуби зиндагӣ барои халқи тоҷик таъмин гардид.

Ҳамасола паёмҳои Пешвои миллат ҳамчун стратегияи рушди давлатдорӣ дар  паст намудани сатҳи камбизоатӣ ё худ фароҳам овардани шароити зиндагии арзанда, бо ҷойи корӣ таъмин намудани аҳолӣ ва баланд бардоштани музди меҳнати кормандон самткушоӣ мекунанд.

Аз ҷониби Ҳукумати кишвар ба шаҳрвандони камбизоат имтиёзҳои зиёди иҷтимоӣ, аз  ҷумла аз пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ озод намудани табақаи ниёзманди аҳолӣ ва маъюбону бепарасторон кафолат дода мешавад. Ин амал дар мустаҳкам намудани пояҳои иҷтимоии давлат мусоидат менамояд. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идома додани механизми таҷрибавии кумаки унвонии иҷтимоӣ ба оилаҳо ва шаҳрвандони камбизоат»  шаҳодати суханҳои боло мебошад.

Бо назардошти он, ки баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти муҳимтарини сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад, соли 2016-ум 52 фоизи хароҷоти буҷет, яъне 8,1 миллиард сомонӣ барои ин мақсад равона карда шуд. Барои солҳои оянда расидан ба ин ҳадаф чораҳои ҷиддӣ дар шакли барномаю лоиҳаҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ аз ҷониби Ҳукумат ва инчунин дар муносибат бо созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ роҳандозӣ шудаанд.

Танҳо  дар 15 соли охир даромади буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонӣ то 18 миллиард сомонӣ зиёд гардида, даромади аҳолӣ 25 баробар ва пасандозҳо беш аз 85 баробар афзоиш ёфтанд. Музди миёнаи меҳнат дар  20 соли охир 60 баробар ва андози миёнаи нафақа 85 баробар афзуд. Инчунин барои бо шуғл таъмин кардан ва беҳтар намудани сатҳи некуаҳволии мардум зиёда аз як миллион ҷойи корӣ таъсис дода шуд. Ҳамаи ин боиси се баробар паст шудани сатҳи камбизоатӣ гардид.

Боиси таъкид аст, ки тамоми самтҳои фаъолияти дохилию хориҷии имрўзаи Ҳукумат ба таъмини амнияти миллӣ, истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бумбасти коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, густариши муносибатҳои дипломатӣ бо кулли кишварҳои ҷаҳон ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ба хотири паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ равона шудааст.

 

Шоҳрухи ҶАББОР,

корманди Маркази тадқиқоти стратегии

 назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

 

Февраль 1, 2017 17:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд