«Паёми Пешвои миллат аз нигоҳи ҷавонон» — ҷамъомад дар Роғун

Февраль 14, 2017 17:01

«Паёми Пешвои миллат аз нигоҳи ҷавонон» - ҷамъомад дар РоғунРОҒУН, 14.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази шаҳри Роғун бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 таҳти унвони «Паёми Пешвои миллат аз нигоҳи ҷавонон» ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Дар ҳамоиш ҷавонони шаҳр ва кормандони ташкилоту муассисаҳои ҳудуди шаҳр иштирок намуданд. Дар ин бора ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз бахши ҷавонони шаҳри Роғун иттилоъ доданд.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки ҷавонон тоҷик бояд ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянду рамзҳои давлатӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд ва бо неруи созанда дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ширкат кунанд. Соли ҷавонон барои ҷавонон имтиҳон ва масъулияти басо бузург мебошад. Ҳар як ҷавони тоҷик аз дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд ба манфиати ҷомеа истифода намояд.

Февраль 14, 2017 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд