Р. Раҳимзода: «Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ба неруи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтаанд»

Февраль 22, 2017 11:14

ДУШАНБЕ, 22.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дирӯз бахшида ба 24-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми низомии 3502-и Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ҷамъомади идона баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, Рамазон Раҳимзода афсарону сарбозон ва собиқадорони қӯшунҳои дохилиро бо ин санаи фархунда табрик намуда, гуфт: «Мардуми шарафманди Тоҷикистон имрӯз 24-умин солгарди таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро, ки дар ин давра ба як неруи тавоно ва ниҳоди пурқудрат табдил ёфтааст, ҷашн мегиранд. Маҳз бо дастгирӣ ва ғамхории Пешвои миллат Қувваҳои мусаллаҳ имрӯз ба як неруи тавоно ва замонавӣ табдил дода шуданд, ки соҳиби техникаи ҳарбии пурқудрат ва мутахассисони баландпояи ҳарбӣ мебошанд».
Рахимода куввахои мусаллахБа гуфтаи Раҳимзода, боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз мо дар фазои дӯстиву рафоқат ва суботу оромӣ ҳаёт ба сар бурда, пешрафту комёбӣ ва дастовардҳои арзандаи давлату миллатро дар сиёсату иқтисодиёт, фарҳангу маданият ва илму маориф бо ин санаҳои хотирмон ҷашн мегирем.
Дар ҷараёни ҷамъомад бо Фармони Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зоҳир намудани малакаю маҳорати баланди касбӣ ва бахшида ба 24-умин солгарди таъсиси Қувваҳои мусаллаҳи кишвар як гурӯҳ сарбозону афсарон бо рутбаҳои навбатӣ, медалу нишонҳои сарисинагӣ ва Ифтихорномаю Раҳматнома қадрдонӣ карда шуданд.

Февраль 22, 2017 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд