Рӯзномаи «Gulf Times»: «Тоҷикистон сармоягузории Қатарро ба бахшҳои сайёҳӣ ва гидроэнергетика ҷалб менамояд»

Февраль 7, 2017 15:43

ДУШАНБЕ, 07.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Тавре хабар додем,  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 5 ва 6 феврали соли ҷорӣ ба Давлати Қатар сафари расмӣ анҷом доданд. Дар натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олӣ дар ҳузури сарони давлатҳо 8 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид. Ин сафари пурмаҳсули Сарвари давлати Тоҷикистон аз ҷониби расонаҳои хабарии маъруфи Давлати Қатар ба таври васеъ инъикос гардид. Аз ҷумла, Питер Алагос, хабарнигори бахши иқтисодии рӯзномаи «Галф Таймс» («Gulf Times»)-и Қатар зери сарлавҳаи «Тоҷикистон сармоягузории Қатарро ба бахшҳои сайёҳӣ ва гидроэнергетика ҷалб менамояд» мавод нашр намуд, ки пешкаши хонандагон мегардонем.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон хостори ҷалби сармоягузории Қатар ба панҷ бахши асосии иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла сайёҳӣ ва гидроэнергетика мебошад», — гуфт Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки ҳайати баландпояи Тоҷикистонро дар Қатар роҳбарӣ менамуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳони ӯ бо шахсони мансабдор, раиси  Ассотсиатсияи соҳибкорони Қатар Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ ва аъзоёни он мулоқот анҷом дода, зимни он масъалаи тақвият бахшидани ҳамкории тиҷоратиро миёни Тоҷикистон ва Қатар баррасӣ намуданд.

Президент изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба хотири ҷалби сармоягузории Қатар ба бахшҳои гидроэнергетика, бонкдорӣ, молия, сайёҳӣ, саноати кӯҳӣ ва кишоварзӣ як зумра ислоҳоти иқтисодӣ ва сиёсати мусбат амалӣ намудааст.

«Дар давоми даҳсолаи охир мо тавонистем беш аз 6 миллиард доллари ИМА сармояи хориҷиро ҷалб намоем, ки боиси рушди ботадриҷи бахшҳои воқеии иқтисодиёти мо гардид. Ин пешравиҳо кишвари моро ба қатори 10 кишвари пешсафи ислоҳотгари иқтисодӣ шомил карданд. Қатар яке аз шарикони муҳими мо дар арсаи байналмилалӣ маҳсуб мешавад ва мо хостори таҳкими равобити иқтисодӣ дар ҳама сатҳҳо бо он мебошем. Мулоқоти мазкур омили муҳиме барои тақвияти ҳамкории гуногунҷанба миёни Тоҷикистон ва Қатар мебошад», — зикр намуд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон. Ӯ ҳамчунин таъкид кард, ки дар Тоҷикистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ фаъолият мекунанд ва онҳо ба қабули сармоягузории Қатар дар бахшҳои сементбарорӣ, гидроэнергетика, об ва саноати кимиёвӣ омодаанд.

Дар ҳошияи мулоқот дар мусоҳиба ба рӯзномаи «Gulf Times»-и Қатар Ҷамолиддин Нуралиев, Муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон зикр кард, ки Ҳукумати Тоҷикистон раванди ба роҳ мондани соҳибкориро бо фароҳам овардани имконоти зиёди сармоягузорӣ барои сармоягузорони хориҷӣ ба танзим дароварда, онро содда гардонидааст.  «Дар Паёми охирини худ ба Парлумон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба имтиёзҳои андоз барои ҷалби сармоягузорон ба бахши сайёҳии Тоҷикистон пешниҳодҳо намуданд», — гуфт ӯ.

«Сарфи назар аз буҳрони шадиди иқтисодии ҷаҳонӣ мо тайи чанд соли охир ба пешрафти назарраси иқтисодӣ ноил гаштем ва кишвари мо аз муҳити сармоягузорие, ки ба бахши соҳибкорӣ мусоидат менамояд, ифтихор мекунад. Ҳоло Тоҷикистон ба сармоягузории Қатар омода аст», — таъкид намуд Нуралиев.

32346776990_ae8178aa43_z 32603362891_0a79652de3_z

Зимни рӯнамоии (презентатсия)-и худ Ҷамолиддин Нуралиев иброз дошт, ки дар доираи кӯшишҳои ба маркази сармоягузорӣ табдил додани кишвар нақша дорад ширкати «Qatar Airways»-ро барои роҳандози намудани парвозҳо аз Давҳа ба Тоҷикистон даъват намояд. 3,1 миллиард аҳолии атрофи Тоҷикистонро ёдовар шуда, Нуралиев афзуд, ки Қатар метавонад кишварҳои ҳамсояро ба монанди Ҳиндустон, Россия, Қазоқистон, Хитой, Покистон ва Афғонистон, инчунин Осиёи Марказиро низ фаро гирад.

Ҳамзамон Шайх Файсал зимни суханронии худ гуфт, ки: «Тоҷикистон миёни се кишвари дорои бузургтарин иқтисоди ҷаҳон, Чин, Ҳиндустон ва Россия ҷойгир мебошад. Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги об ва канданиҳои фоиданок, инчунин имкониятҳои сармоягузории кишоварзӣ ва сайёҳӣ барои соҳибкорони Қатар мебошад».

Лоиҳаи «Диёр Душанбе»-и Тоҷикистонро ёдрас шуда, Шайх Файсал таъкид кард, ки Қатар яке аз аввалин кишварҳои арабӣ аст, ки лоиҳаҳои сармоягузориро дар Тоҷикистон амалӣ намуд.

Дар мулоқот ҳамчунин Ёддошти тафоҳум миёни Биржаи фондии Қатар ва муассисаи молиявии нав дар Тоҷикистон Биржаи Фондии Осиёи Марказӣ, ки моҳи апрели соли 2015 ҳамчун платформа барои хариду фурӯши қоғазҳои қимматнок ташкил шуда буд, ба имзо расид.

 

Питер АЛАГОС,

Хабарнигори бахши иқтисодии

рӯзномаи «Gulf Times»-и Қатар

 

Маълумоти АМИТ «Ховар»

Рӯзномаи «Gulf Times»-и Қатар соли 1978 ташкил шудааст. Раиси рӯзнома Абдуллоҳ бин Халифа ал-Отийя буда, муҳаррири масъули он К Т Чако мебошад.

7 августи соли 1978 Вазорати иттилооти Давлати Қатар дархости Ширкати «Gulf Publishing & Printing»-ро доир ба чопи рӯзномаи англисизабони Қатар таҳти унвони «Gulf Times» қабул кард.

Аввалин нашри рӯзномаи «Gulf Times» 10 декабри соли 1978 ҳамчун ҳафтанома чоп гардид.

Пас аз се сол, шурӯъ аз 22 феврали соли 1981 рӯзномаи «Gulf Times» ҳамарӯза чоп мегардад. Дар солҳои аввали фаъолият дар рӯзномаи мазкур ҳамагӣ 12 нафар дар шуъбаҳои гуногуни техникӣ кор мекарданд. Пас аз зиёд шудани талабот ва нуфуз пайдо кардан рӯзнома хабарнигорони варзида, касбӣ ва бомаҳоратро барои инъикоси ҳодисаву рӯйдодҳои минтақавӣ, ҷаҳонӣ араб ва байналмилалӣ ба кор ҷалб намуд.

Рӯзномаи «Gulf Times» аз бахшҳои таҳририя, таҳлил, иттилоот, иқтисод, варзиш, китобхонаю бойгонӣ ва хабарнигорони техникию маҳаллӣ иборат мебошад.

Алҳол ин рӯзнома яке аз рӯзномаҳои бонуфузтарини дунё мебошад.

 

 

Февраль 7, 2017 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири кишоварзии Тоҷикистон вобаста ба тақвияти корҳои саҳроӣ бо деҳқонони шаҳри Конибодом суҳбат намуд
Дар шаҳри Хоруғ корхонаи истеҳсоли ҳасиб бунёд мегардад
Дар Суғд барои дарёфти грантҳои раиси вилоят озмун баргузор мешавад
Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад