Раванди ҷалби сайёҳон ба Тоҷикистон рӯ ба афзоиш дорад

Февраль 23, 2017 09:21

ДУШАНБЕ, 23.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. 22 феврали соли равон дар Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупорӣ ба хотири саҳмгузорӣ дар рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон дар соли 2016 баргузор гардид.
Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ иброз дошт, ки соли 2016 барои соҳаи туризми Тоҷикистон соли бобарор буд.
Ба гуфтаи Аҳтам Абдуллозода, тартиби нави ба расмият даровардани раводидҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ аз тадбирҳои таконбахш барои ҷалби минбаъдаи сайёҳони хориҷӣ ба кишвар арзёбӣ мегардад.
«Рӯйхати мамлакатҳое, ки барои гирифтани раводид бо тариқи соддакардашуда дар 3 фурудгоҳи байналмиллалии Тоҷикистон иҷозат доранд, аз 68 адади тартиби пештар амалкунанда ба 78 адад расидаааст. Тоҷикистон имрӯз бо 10 кишвари дунё тартиби бераводиди иҷозати вуруд ба кишварро мавриди амал қарор додааст. Аз моҳи июли соли 2016 тартиби электронии раводиди Тоҷикистон барои таъмини ташрифоти бештари сайёҳон ба кишвар оғоз гардид. Ин ба он мусоидат кард, ки ташрифи сайёҳони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ зиёд гардида, аз 59 давлат дар соли 2015 ба 109 давлат дар соли 2016 расонида шуд»,- гуфт Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Зикр шуд, ки раванди ҷалби сайёҳон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯ ба афзоиш ниҳода, давоми се соли охир вуруди онҳо ба Тоҷикистон 2 маротиба афзудааст, ки ин аз муваффақиятҳои соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Февраль 23, 2017 09:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд