Рустами Эмомалӣ бо ҳайати намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот намуд

Феврал 9, 2017 16:30

Хабарҳои мавзӯъ

Рустами Эмомали -97

ДУШАНБЕ, 09.02.2017. /АМИТ Ховар/. Имрӯз иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҳайати намояндагони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мулоқот намуд.
Тавре аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ҷараёни вохӯрӣ роҳҳои рушду тавсеаи ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва бонки мазкур баррасӣ гардиданд.
Тибқи иттилои манбаъ, ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки ҳамкории судманди мутақобиларо дар бахши хоҷагии манзиливу коммуналӣ, аз ҷумла соҳаҳои гармидиҳӣ (таъмиру таъвизи хатҳои интиқоли гармӣ), нақлиёти шаҳрӣ, поккории санитарии ҳудудҳо (тоза кардани кӯчаҳо, идораи партовҳои маишӣ), обтаъминкунӣ ва рушди чароғонкунии кӯчаҳоро мавриди баррасӣ қарор доданд.
«Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайн баррасӣ гардиданд»,- афзуд манбаъ.

Феврал 9, 2017 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

DSC_0048+Дар Душанбе усули нав-парвариши гулҳои ороишӣ дар гулдонҳои махсус ба роҳ монда шуд
Авто-ретро-5Дар Душанбе Фестивал-намоишгоҳи панҷуми автомобилҳои коллексионии «Авто Ретро-Душанбе» баргузор мегардад
DSC_0052+Натиҷаи фаъолияти нақлиёти мусофиркашонии пойтахт дар 3 моҳи аввали соли равон ҷамъбаст гардид
Рустами Эмомали-3Бо қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ номи як қатор корхонаву муассисаҳои шаҳр иваз гардиданд
2V9A7390+Дар Душанбе иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе баргузор гардид
ЭфиоНиммарафони байналмилалии Душанбе: варзишгари Эфиопия аз ҳама пеш ба марра расид
DSC_0040+Дар Душанбе ҷашни Рӯзи пойтахт бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷараён дорад
кучарубон 3Ҳавасмандии моддии роҳрӯбони фаъоли раёсатҳои истифодабарии роҳҳои ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар Рӯзи пойтахт
ДастгохДар Душанбе беҳтарин нозирони минтақавии сол муайян гардиданд
20170414_105908«Як рӯзи бе роҳкиро»-иқдоми идона бахшида ба Рӯзи пойтахт
ДастгохДар Душанбе озмунҳои шаҳрии соҳаи тандурустӣ ҷамъбаст гардиданд
2V9A6194Рустами Эмомалӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоқосим Шоисломов мулоқот намуд