С. Назарзода: «Дар раванди ҷаҳонигароӣ забонҳои давлатӣ зери нуфуз ва таъсири забонҳои пурқудраттарини ҷаҳон қарор мегиранд»

Февраль 21, 2017 16:10

ДУШАНБЕ, 21.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Забон бузургтарин сармояи фарҳангӣ ва муҳимтарин омили нигаҳдорӣ, ҳимоя ва  интиқолдиҳандаи фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳои ҳар миллат буда, дар ҳифозати асолати миллӣ ва ба ояндагон мерос гузоштани  ҳувияти миллӣ нақши ҳалкунанда дорад. Забон оинаи тамомнамои  шуури иҷтимоӣ  ва рангу бӯи арзишҳои  миллии  ҳар қавму миллат аст. Забони модарӣ  нахустин ва пойдортарин нишони безаволии миллат аст. Забони модарӣ аз овони кӯдакӣ ҳамроҳ бо шири модар дар хонавода ба тору пуди ҳар як инсон мепечад ва ҳар шахс якҷоя бо забони модарии худ ба камол мерасад. Забони модарӣ  решаи ҳувияти  миллии ҳар шахс гардида, меросу ирсияти  чандин наслро дар ҳувияти инсон побарҷо мегузорад. Яъне забони модарӣ ба воситаи модар ва хешовандони наздик  ба кӯдак мегузарад ва асоси ҳувияти ӯ зимни  аз худ кардани арзишҳо, боварҳо ва суннатҳои миллӣ мегардад. Забони модарӣ бо сухани ноб пайванди  ногусастанӣ дорад, зеро ҳар гоҳ сухан аз асолати  миллӣ ва баргашт ба решаҳои миллӣ ба миён меояд, ҳифз, нигаҳдорӣ ва густариши забони модарӣ ба ҷойгоҳи аввал мебарояд.

Дар ҷаҳон аз рӯйи таҳқиқи забоншиносон  беш аз шаш ҳазор забон  вуҷуд доранд, ки тахминан бо сесад забон ба таври умум 96 дарсади  мардуми ҷаҳон суҳбат мекунанд. Бештар  аз 100 забони дунё  ба ҳайси забони давлатӣ ва расмӣ пазируфта шудаанд, ки дар байни ин забонҳо  забони модарии мо- забони тоҷикӣ забони давлатии Ҷумҳурии  соҳибистиқлоли  Тоҷикистон аст. Дар даврони ҷаҳонигароӣ ё ҷаҳонишавӣ ҳамин забонҳои расмиву давлатӣ ҳам зери нуфуз  ва таъсири забонҳои пурқудраттарини ҷаҳон, аз қабили англисӣ, русӣ, франсавӣ, олмонӣ ва чинӣ қарор гирифта, дар бисёр ҳолат дар сатҳҳои гуногуни истифодаи забон ҷои худро ба ин забонҳо дода истодаанд ва аз ин лиҳоз дар зери хавфи аз даст додани ҳувияти забонӣ  қарор доранд. Агар ба омори ҷаҳонӣ нигарем, дар соли 2000-ум 62 дарсади  китобҳои чопшудаи ҷаҳон ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико рост омада, 80 дарсади тамоми хабарҳои ҷаҳонӣ ба воситаи Ню Йорк, Париж ва Лондон паҳн мегарданд. Дар соли 1996 Иёлоти Муттаҳидаи Америка 75 дарсади тамоми нармафзорҳои компютерии ҷаҳонро содир кардааст. Нобудшавии забонҳои маҳаллӣ низ яке аз хусусиятҳои хоси замони имрӯз аст. Танҳо дар Иттиҳоди Шӯравии собиқ зиёда аз 90 забони маҳаллӣ аз байн рафтааст. Ин рақаму далелҳо собит месозанд, ки имрӯз  масъалаи ҳифзу нигаҳдории забони модарӣ дар аксари кишварҳои ҷаҳон ба яке аз масъалаҳои бунёдии нигаҳдории асолат ва ҳувияти  миллӣ мубаддал гардидааст.

Албатта, ҳар як миллату кишвар барои нигаҳдории асолати миллӣ ва ҳифзу густариши забони миллии худ аз раванду усулҳои гуногун истифода мекунад ва таҳқиқу пажӯҳиши ҳатто  мухтасари ин масъала аз доираи ин гуфтор  ҳам берун аст. Вале имкон дорад, ки  дар робита ба масъалаҳои ҳифзу нигаҳдории он як назари иҷмолӣ ба сарнавишти забони модарии худ андозем. Забони модарии мо, тавре ки ба ҳамагон маълум аст, дар нимаи дуюми ҳазорсолаи аввали мелодӣ, яъне дар асрҳои V-VII мелодӣ тадриҷан ҷои забонҳои ба ҳам наздики минтақаи Эронзамини таърихиро (забонҳои форсии  миёна, бохтарӣ, портӣ, суғдӣ ва ғайра)  гирифт. Дар ибтидои  истилои араб бо забони тавонои  динӣ, давлатӣ  ва илмии  ҷаҳони ислом- забони арабӣ  дар набарди ҷонсӯз  пирӯз гардида, аз садаи IX мелодӣ ба забони расмӣ ва минбаъд забони илмии ин минтақа табдил ёфт. Аз давраи Сомониён то аз байн рафтани сулолаи Темуриёни Ҳинд ва забони расмӣ эълон гардидани забони англисӣ дар Ҳиндустон (ибтидои асри ХIX) забони модарии мо дар минтақаи васеъ аз Осиёи Хурд то нимҷазираи Ҳиндустон забони расмии давлатдориҳои  хурду бузурги ин минтақаи  паҳновар буда, дар рушду густариши фарҳангу тамаддуни башарӣ нақши бузурге доштааст. Ҳамагон гумон мекунанд, ки забони модарии мо ба тамоми ин минтақаҳо ба воситаи истилогарон , ки бештар туркнажод буданд, паҳн шудааст ва омили аслии ин густариши забонӣ гӯё  таҳоҷуми низомӣ ба ин минтақаҳо будааст. Вале ин ҷо як нуктаи муҳим ва сарнавиштсози таърихӣ ба назар гирифта намешавад. Бояд гуфт, ки агар ба харитаи густариши забони модарии мо назар афканем, мебинем, ки аксари ин минтақаву сарзаминҳо таърихан  ба Эронзамини бостонӣ иртибот дошта, дар ин минтақаҳо аз замонҳои  қадим қавмҳо ва халқиятҳои ориёӣ сукунат доштаанд ва онҳо ба таври куллӣ ҳомилони  фарҳангу тамаддун ва суннату анъанаҳои умумӣ ва муштарак буданд. Ин омил ва ҷавҳари асосӣ заминаи муносиберо барои рушду густариши забони модарии мо дар ин минтақаҳо фароҳам овардааст. Ин забонҳо ва гӯишҳои эронӣ дорои алоқаҳо ва иртибототи густурда буда, дар дарозои чандҳазорсолаи таърихӣ бо ҳам дар паҳнои васеъ додугирифти фарҳангиву забонӣ дошта, дар бисёр мавридҳо дар баробари доштани лаҳҷаву гӯишҳои мухталиф ягонагии забони умумӣ ва ваҳдати фарҳангиву иҷтимоии худро нигоҳ доштанд.  Вақте гунаи нави забонӣ- забони тоҷикӣ ба ин минтақаҳо ворид шуд, дар ин ҷойҳо тазоди забониву фарҳангӣ ба вуҷуд наовард ва баръакс онҳоро бо ҳам муттаҳид кард. Аз нуқтаи назари фарҳангӣ тамоми ин қавму миллатҳо дар масири таърих мероси фарҳангӣ  ва риштаи ҳувияти миллии ягонаро дар хотира ва зеҳни ирсии худ нигоҳ доштанд, ки минбаъд дар густариши забони ягонаи расмӣ ва пуштибонии ин ақвому миллатҳо аз ин ҷараёни ваҳдатсози миллӣ ба таври возеҳу бармало маълум мешаванд. Ҳамин пуштибонӣ ва  нигаҳдориву  мувозибат буд, ки забони модарии  мо аз асри ХII то нимаи аввал асри XIX дар муддати беш аз ҳафтсад сол дар як минтақаи  васеи ҷаҳон забони байналмилалӣ гардид ва ваҳдати фарҳангиву тамаддунии  ин сарзаминро нигоҳ дошт.

Имрӯз забони модарии мо дар се ҳавзаи забонӣ- Тоҷикистону  Эрону Афғонистон дар ҳоли густаришу равнақ  қарор дошта, вазифаи иҷтимоии худро ҳамчун забони расмиву  коргузорӣ ва давлатӣ  бо муваффақият иҷро карда истода,  дар ваҳдати фарҳангиву тамаддунии ин  сарзамини васеъ  нақши  муассир мегузорад.

Дар Тоҷикистони маҳбуби мо забони тоҷикӣ забони давлатӣ буда, он дар  асоси Конститутсия  ва  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад.  Дар даврони истиқлолият  барои рушду густариши забони модарӣ тамоми шароит фароҳам омадааст  ва бо таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат , Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар суханронӣ дар  ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  (8 сентябри соли 2005)  «Умри миллат  ба умри забон вобаста аст.  Барои он, ки номи миллат  аз саҳфаи таърихи башарӣ нобуд  нашавад, бояд  чароғи раҳнамои  худшиносию  худафрӯзияш-забонро ҳифз кунад ва онро ҳамчун волотарин мерос ба наслҳои оянда расонад».

Имрӯз забони модарии мо по ба пои истиқлоли Ватанамон ба давраи сифатан нави рушду густариш  дохил шуда истодааст. Ин ҳолат моро ба андешидани иқдомоти нав дар ҷодаи  рушди минбаъда ва ҳамоҳангсозии  рушди забони модарӣ бо раванди ҷаҳонишавии иттилооту захираҳои иттилоотӣ водор месозад. Мо бояд дар чунин шароит саъю кӯшиш намоем, то    рисолати забони модарии худро ҳифз намуда, ҷараёни таблиғу густаришу  инкишофи онро таъмин  намоем ва  аз осори  бузургу гаронбаҳои илмӣ, фалсафӣ,  динӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии  аҳли илму адаби гузаштагони мо, ки бо ин забони нобу шево ба мо мерос гузошта шудаанд,  барои таҳким бахшидани пояҳои   тамаддуниву  фарҳангии давлати соҳибихтиёр, дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва  иҷтимоии Тоҷикистон ба таври самарабахш истифода намоем.

 

Сайфиддин НАЗАРЗОДА,

Директори Китобхонаи миллии Тоҷикистсон,

доктори илмҳои филологӣ, профессор

Февраль 21, 2017 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ЭЪЛОН: «ВАССОФИ ВАТАН». Барои рӯзноманигорон ва корбарони саҳифаҳои иҷтимоии шабакаҳои интернетӣ фестивал-озмун баргузор мешавад
Тандиси биринҷии чеҳраи Президенти Тоҷикистон ба Осорхонаи миллӣ супорида шуд
АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ. Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон фестивали муд баргузор мегардад
«БАЧА АЗИЗ, ОДОБАШ АЗ ОН АЗИЗТАР…». Ба таълиму тарбияи фарзандон набояд бетарафӣ зоҳир намуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ТЕАТР. Дар давраи соҳибистиқлолӣ дар Тоҷикистон барои пешрафти санъати касбии театрӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд
«КАЪБА ЧӢ МЕРАВӢ, ДИЛЕРО ДАРЁБ…». Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
«САЙРИ ГУЛИ ЛОЛА». Дар Суғд Фестивали вилоятии гулҳо доир мешавад
КОНИ ЛАЗЗАТ ВА ХОНИ НЕЪМАТ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» оид ба таомҳои наврӯзӣ дар Бадахшон маълумот ҷамъоварӣ намуд
НАВРӮЗ-МАҲБУБТАРИН ҶАШНИ МИЛЛИИ ТОҶИКОН. Суратгузориш аз таҷлили бошукуҳи ҷашни Наврӯз дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Китобхонаи оммавӣ, илмӣ-техникии шуъбаи Академияи илмҳои Русия дар минтақаи Сибир Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Оши бурида дар Наврӯз ҳамчун рамзи умри дароз ва ҳаёти хушбахтона омода мешавад
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ЭҲЁ. Ин ҷашни ҷаҳонӣ бунёди маънавии миллати тоҷик мебошад