Саҳми Тоҷикистон дар беҳтар гардидани муҳити зисти мардуми сайёра

Февраль 11, 2017 13:01

ДУШАНБЕ, 11.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб дар якҷоягӣ бо ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Эколог» ва «Табиат» конфронси илмӣ-назариявӣ бахшида ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028» таҳти унвони «Саҳми Тоҷикистон дар беҳтар гардидани муҳити зисти мардуми сайёра» бо иштироки беш аз 100 нафар аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ баргузор гардид.
Тавре аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кўлоб хабар доданд, дар кори конфронс Саъбагул Валиева, Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кулоб, Саймурод Исмоилзода, муовини раиси шаҳри Кўлоб ва дигарон баромад намуданд.

 
image-11-02-17-12-10-2«Нахуст кори конфронс аз намоиши барномаи бадеӣ таҳти унвони «Нақши об дар дар таърихи ташаккули башарият» ва қироати порчаҳои шеърӣ таҳти унвони «Иқдоми пешво» аз тарафи хонандагони Гимназияи технологии шаҳри Кўлоб оғоз гардида, баъдан иштирокчиён дар мавзуҳои «Аҳамияти ташаббуси Тоҷикистон дар беҳдошту ҳифзи муҳити зист», «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор барои солҳои 2018-2028»» аз нигоҳи экологӣ» маърўза карданд»,- иттилоъ дод манбаъ.
Дар ҳамин радиф бо иштироки аъзои ТҶҶ «Созандагони Ватан» ҳамоиши ҳизбӣ таҳти унвони «Покизагии хоку обуҳавои Ватан аз обҳои поку мусаффои он аст» доир гардид.

Февраль 11, 2017 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд