«Саҳми занон дар рушди илм»- конфронс дар Академияи илмҳо

Февраль 11, 2017 13:05

Рузи байналмилалии занон дар илмДУШАНБЕ, 11.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм ва ҷашни 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Саҳми занон дар рушди илм» конфронси чаҳоруми илмии ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.
Тавре аз Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, конфронси мазкурро Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳусни оғоз бахшида, саҳми занонро дар рушди соҳаҳои гуногуни илм дар мамлакат муассир ва арзанда арзёбӣ намуд.
Идигул Қосимзода, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои болоравии мақому мартабаи занону духтарон ва ҷалб намудани онҳо ба илму маориф тадбирҳои зарурӣ ва пай дар пай меандешад.
«Дар конфронси мазкур Насиба Содиқова, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саида Ғайратова, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Латофат Назирӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигарон баромад намуда, 18 маърӯзаи илмӣ баррасӣ ва муҳокима карда шуданд, ки паҳлӯҳои гуногуни нақши занони олимаро дар рушди илмҳои ҷамъиятшиносӣ, тиб, риёзиёт ва соҳаҳои дигари илмҳои дақиқ фаро гирифтанд»,- хабар дод манбаъ.
Ҳамчунин манбаъ афзуд: «Хотиррасон намудан зарур аст, ки Рӯзи байналмилалии занон ва духтарон дар илм бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ аз 11 феврали соли 2012 дар саросари олам таҷлил карда мешавад. Ба ин муносибат конфронси мазкур бо ибтикори Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид».

Февраль 11, 2017 13:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад