Сафири ИМА дар Тоҷикистон доир ба умумияти амрикоиҳову тоҷикон изҳори назар кард — шарҳи матбуот

Февраль 2, 2017 17:04

ДУШАНБЕ, 02.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии мамлакат «Ҷумҳурият» (30.01.2017,№22-23) аз натиҷаи мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо Игор Шувалов – муовини якуми раиси ҳукумати Федератсияи Россия, ки бо сафари корӣ ба Душанбе омада буд, хабари муфассал чоп кардааст. Мавриди зикр аст, ки соли равон Тоҷикистон ва Россия 25-солагии роҳандозии робитаҳои дипломатӣ байни ду кишварро ҷашн мегиранд. Дар ин муддат дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон масоили вобаста ба таҳкиму ҳамкории гуногунҷабҳа бо шарики муҳими стратегӣ — Федератсияи Россия ҷойгоҳи хоса дошт ва тавре аз иттилои расмӣ бармеояд, ин мавқеъ дар оянда низ нигоҳ дошта хоҳад шуд.

Муаллифони мақолаи пурмуҳтавои «Эҳёи ҷашни Сада аз шарофати истиқлолияти давлатӣ аст» Абдуҷаббор Раҳмонзода ва Равшан Раҳмонӣ доир ба таърихи пайдоиш ва ташаккули ҷашни Сада, баъзе паҳлӯҳои ин ҷашни ниёкон ва аҳамияти он барои халқи тоҷик дар шароити кунунӣ нақл мекунанд. Муаллифон бо далелҳои таърихии аз луғатномаҳо ва осори адабии гузаштагон сарчашмагирифта таърихи нишонаҳои пайдоиши ҷашни Садаро, ки марбут ба Хуршед ва тимсоли он оташ мебошад, хеле қадимӣ, ба замони пеш аз ориёӣ ва ҳатто аз он ҳам пештар нисбат дода, навиштаанд: «Аз ин ишораҳо маълум мешавад, ки дар хотираи фарҳанги халқи тоҷик ҷашни Сада мақоме мисли ҷашнҳои Наврӯз ва Меҳргон дорад ва месазад, ки он дар сатҳи ҷумҳурӣ таҷлил карда шавад».

Дар шумораи рӯзи сешанбеи «Ҷумҳурият» (31.01.2017, № 24) гузориши муфассал аз иштироки Пешвои миллат дар ҷаласаи ҳабдаҳуми Шӯрои машваратӣ ва матни барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Туркия Реҷеп Тайип Эрдоган ва барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Туркия ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 25-умин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатӣ миёни ду кишвари дӯст чоп шудааст. Ҳамчунин дар шумораи мазкур хабарҳо оид ба натиҷаҳои ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Россия ва бартарафсозии офати табиӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ нашр шудаанд.

«Мактаб, агар масъулон масъулият медоштанд…»- бо чунин сарлавҳа мақолаи Зокир Ҳасан дар шумораи навбатии «Ҷумҳурият» (1.02.2017, №25) дарҷ гардидааст. Муаллиф навиштааст: «Давоми 25 соли соҳибистиқлолӣ зиёда аз 2500 муассисаи таълимӣ бунёду азнавсозӣ гардида, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимӣ ва дигар шароити замонавӣ таъмин карда шудаанд. Бо вуҷуди ин, ҳанӯз ҳам ҳастанд деҳаҳои калоне, ки мактаб надоранд ва фарзандон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии дурдаст мехонанд… Мебояд дар таъмини хонандагон бо мактабҳои замонавӣ мақомоти маҳаллӣ низ талош варзанд, шарт нест, ки барои сохтмони ҳамагӣ як мактаб мардум аз ноҳия то вилоят пушти дари роҳбарони масъул навбат поянд. Агар давоми солҳои тӯлонӣ масъулон эҳсоси масъулият мекарданд, овозаи бемактабии чанд ҳамсоядеҳа марзҳои ноҳияву вилоятро убур карда, то ба пойтахт намеомад…».

Нашрияи парлумонӣ —  «Садои мардум» (31.01.2017, №9-10) аз ҷараёни Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ки 31 январ таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, гузориш чоп карда, матни Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи қоидаҳои барасмиятдарорӣ, додани раводид ва раводиди электронии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандро дарҷ намудааст. Ҳамчунин замима оид ба номгӯи 78 давлати хориҷӣ, ки шаҳрвандони онҳо ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, дар ҳамин шумораи нашрия чоп шудааст.

Нашрияи марказии ҲХДТ «Минбари халқ» — аз ҷараёни ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии мамлакат бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гузориши муфассал бо аксҳо нашр кардааст. Мавриди зикр аст, ки дар давоми 20 соли фаъолияти худ Шӯрои ҷамъиятӣ муколамаи байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои милливу фарҳангӣ ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятиро таъмин намуд ва ба таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ кумак расонида, вазифаҳои таърихии худро иҷро кардааст.

Вобаста ба ин, дар ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятӣ таъкид карда шуд, ки «Нақши Шӯрои ҷамъиятӣ ҳамчунин дар раванди амалӣ намудани се ҳадафи стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути корҳои ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ бузург арзёбӣ гардидааст». Изҳори итминон карда шуд, ки ибтикороти созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои истеҳсолии соҳибкорони хурду миёна ба хотири амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати мамлакат минбаъд низ идома меёбад.

«Дарахти дӯстии Тоҷикистону ИМА бор хоҳад овард» — бо чунин сарлавҳа нашрия мусоҳибаи худро бо сафири ИМА дар Тоҷикистон Элизабет Миллард пешкаши хонандагон кардааст. Сафири Амрико зимни суҳбат чунин гуфтааст: «Ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар кардам ва аз зебоиҳои нотакрори табиати он дар шигифт ҳастам. Мардуми ин ҷо мисли амрикоиён меҳмондӯсту кушодачеҳра аст, ҷавонон фаъолу пайи ҷустуҷӯи навовариҳоянд, сатҳи заковати онҳо хеле баланд аст. Умуман дар ин радиф миёни тоҷикону амрикоиён умумияти зиёд ҳаст».

Мақолаи таҳлилии «Қарз: тарзи нави қаллобӣ ё ноилоҷӣ дар буҳрон» дар мавзӯи муҳими рӯз навишта шуда, аз тарафи хонандагони «Минбари халқ» хуш пазируфта хоҳад шуд.

 

Февраль 2, 2017 17:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вобаста ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд
Насби пойгоҳи базавӣ чӣ қадар арзиш дорад?
Тоҷикистон ва Узбекистон татбиқи лоиҳаҳои манфиатбахши муштаракро баррасӣ намуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: дар Тоҷикистон 1 рубли русӣ аз 0. 1185 то 0.1205 сомонӣ муқаррар шудааст