Сафири Тоҷикистон ба Шоҳи Нидерланд эътимоднома супорид

Феврал 17, 2017 09:19

Хабарҳои мавзӯъ

Эркинхон Р

ДУШАНБЕ, 17.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Гаага 15 феврал маросими супоридани эътимоднома аз ҷониби Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Нидерланд Эркинхон Раҳматуллозода ба Аълоҳазрат Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, пас аз ба анҷом расидани маросими супоридани эътимоднома байни Сафири навтаъйини Тоҷикистон ва Шоҳи Нидерланд мулоқоти дуҷониба сурат гирифт. Эркинхон Раҳматуллозода салому паёмҳои гарми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Аълоҳазрат Подшоҳи Нидерланд тақдим дошт ва омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати таҳким ва густариши равобити созандаи ду кишвар, бо самту равандҳои ҷадид ғанитар сохтани онҳо ва густариш додани равобити Тоҷикистону Нидерланд дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, махсусан дар самти ҳамкорӣ дар соҳаи об иброз дошт.
Подшоҳи Нидерланд, ки ҳангоми валиаҳд буданаш тайи чанд сол роҳбари яке аз сохторҳои СММ оид ба об буд, ин пешниҳодро дастгирӣ намуд. Ҳамзамон ӯ бо изҳори таваҷҷуҳи хосса ба вазъи минтақа ва Афғонистони ҳамҷавор, мубориза бар зидди таҳдиду хатарҳои муосир, имкониятҳои рушди минбаъдаи равобити иқтисодӣ таъкид дошт, ки Нидерланд ҷонибдори таҳкиму тавсеаи равобити созанда бо Тоҷикистон аст.
Дар фарҷоми мулоқот Шоҳи Нидерланд Виллем-Александр аз Сафир хоҳиш кард, ки салому орзуҳои некашро ба мардум ва Сарвари Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон бирасонад.
Дар чаҳорчӯби сафар ба шаҳри Гаага, Эркинхон Раҳматуллозода бо намояндагони расмии кишвари иқомат ва роҳбарони ташкилотҳои байналмилалӣ мулоқотҳои судманд барпо намуд. Аз ҷумла, мулоқотҳои дуҷониба бо Президенти Суди байналмилалии ҷиноӣ Силвия Фернандес де Гурменди, муовини Директори Европол Олдрич Мартину, муовини Дабири кулли Вазорати корҳои хориҷии Подшоҳии Нидерланд Роналд ван Ройден ва сардорони як теъдод раёсатҳои марбутаи ин Вазорат барпо гардиданд, ки дар онҳо мавзӯоти мавриди таваҷҷуҳи тарафайн, аз ҷумла масоили ҳамкорӣ ва шарикии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо дар татбиқи «Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон то соли 2030» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Феврал 17, 2017 09:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Таджикистан и Китай 1Дар Остона мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Хитой барпо шуд
????????????????????????????????????Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар Остона
18011102_1948571788695033_4720386727817811091_nМашваратҳои навбатӣ байни мақомоти сиёсати хориҷиии Тоҷикистон ва Қазоқистон дар Остона
С Аслов и Пратибха МехтарМулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон
МалайзияТоҷикистон ва Малайзия ҳамкориро тавсеа мебахшанд
Встреча делегации Республики Таджикистан с Государственным министром иностранных дел ЯпонииТатбиқи натиҷаҳои музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Япония муҳокима гардид
MID-RFМашваратҳои Тоҷикистону Россия оид ба масъалаҳои мубориза бар зидди терроризм
Пратибҳа Меҳта 11.04.2017Пратибҳа Меҳта: «Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурд ва татбиқи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола нақши пешсаф доранд»
Қабули эътимоднома аз 5 сафири нав 11.04.2017Сафирони навтаъйин ваъда доданд, ки барои рушду тавсеаи робитаҳои гуногунҷанбаи кишварҳояшон бо Тоҷикистон мусоидат хоҳанд кард
точикистон туркияМашваратҳои сиёсӣ байни Тоҷикистон ва Туркия дар Анқара
ПутинАз оғози муносиботи дипломатии Тоҷикистону Россия 25 сол сипарӣ гардид
Аслов и АбдилдаевМулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Қирғизистон