Шумораи қурбониёни таркиш дар Бағдод ба 55 нафар расид

Февраль 17, 2017 17:20, 72 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

Bagdad-2

ДУШАНБЕ, 17.02.2017 /АМИТ «Ховар» /. Дар шаҳри Бағдоди Ироқ бар асари таркиши мошин 55 нафар ҳалок гардида, 60 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора «Комсомольская правда» хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, шахсони номаълум дар ҷануби шаҳри мазкур мошини бо дастгоҳи тарканда муҷаҳҳазро инфиҷор намудаанд. Айни ҳол кормандони полис макони ҳодисаро иҳота кардаанд.
Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (мамнуъ дар Тоҷикистон) бар дӯш гирифт.
Бояд гуфт, ки дар давоми се рӯзи охир ин аллакай сеюмин таркиш дар пойтахти Ироқ мебошад. Чанд рӯз қабл дар шаҳри Мадинат-ас-Садр таркиш рух дод, ки ҷони 15 нафарро аз байн бурд.

Февраль 17, 2017 17:20, 72 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

Glava-MID-PolshiАъзои Иттиҳоди Аврупо метавонанд аз Британия ибрат гиранд
VuchichСарвазири Сербия қарор дод, ки дар интихоботи президентӣ иштирок намояд
Lavrov-i-StoltenbergЛавров бо Столтенберг дурнамои муносибатҳои Россия ва СААШ-ро баррасӣ кард
donald-trampДоналд Трамп ваъда дод, ки ҳафтаи оянда оид ба муҳоҷират фармони нав ба имзо мерасонад
London-1Дар фурудгоҳи Лондон мардеро бо гумони содир намудани амали террористӣ боздошт карданд
Vzryv-PakistanШумораи қурбониёни таркиш дар Покистон ба 72 нафар расид
TillersonКотиби давлатии ИМА дар ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии G20 дар Бонн иштирок мекунад
StambulТашкилкунандаи эҳтимолии ҳамла ба маркази дилхушии шабона дар Истанбул боздошт гардид
BatalonБаталйони пулиси ҳарбӣ барои таъмини бехатарии неруҳои ҳавоӣ ба Сурия равона шудааст
Kitaj-4Шумораи қурбониёни садамаи автобуси сайёҳӣ дар Тайван ба 34 нафар расид
Стивен МнучинСенати ИМА номзадии Стивен Мнучинро ба мансаби вазири молия тасдиқ кард
ША СММ-2Шӯрои амнияти СММ озмоиши мушакҳои баллистикии Кореяи Шимолиро маҳкум кард