Шумораи қурбониёни таркиш дар Покистон ба 72 нафар расид

Февраль 17, 2017 14:59, 120 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

Vzryv-Pakistan

ДУШАНБЕ, 17.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар музофоти Синди Покистон бар асари таркиш на кам аз 72 нафар ҳалок гардида, 250 каси дигар ҷароҳат бардоштанд. Дар ин бора нашрияи «The News» хабар медиҳад.
Таркиш дар шаҳри Сеҳван-Шарифи Покистон рух дод. Бино ба таъкиди манбаъ, ин ҳодиса ҳангоме рух додааст, ки пайравони суфизм барои ибодат ҷамъ омада буданд.
Сарвазири Покистон Навоз Шариф ин таркишро шадидан маҳкум карда, онро «ҳамла ба ояндаи Покистон» номид.
Ҳамларо террористи маргталаб анҷом додааст. Масъулияти онро гурӯҳҳои террористии «Ҷамоат-ул-Аҳрор» ва «Давлати исломӣ» (ДИ дар Тоҷикистон мамнуъ) бар дӯш гирифтанд.
Ёдовар мешавем, ки дар робита ба ин ҳамлаи террористӣ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Сарвазири Покистон Навоз Шариф барқияи тасаллият ирсол намуда, ин амали ғайриинсониро маҳкум карданд.

Февраль 17, 2017 14:59, 120 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

trampТрамп пешниҳод намуд, ки робитаи Ҳиллари Клинтон бо Россия тафтиш карда шавад
Mosul-1Дар Мосул «коршиноси» гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» оид ба минагузорӣ ҳалок гардид
ПентагонПентагон маҳв гардидани фармондеҳи саҳроии «Ал-Қоида»-ро дар Афғонистон тасдиқ кард
migrantДар соҳили Либия беш аз ҳазор нафар муҳоҷиронро наҷот доданд
Afganistan-227 ҷангии «Давлати исломӣ» дар шарқи Афғонистон маҳв гардиданд
ЛондонПулиси Лондон номи ҳамлагарро эълон кард
Ирок - МосулДар Мосул 6 роҳбари «Давлати исломӣ»-ро маҳв карданд
siriyaАртиши Сурия фармондеҳи «Давлати исломӣ» -ро, ки дар нест кардани ёдгориҳои Палмира даст дошт, маҳв кард
Putin-i-ErdoganПутин ва Эрдоган интиқоли имконпазири С-400-ро ба Туркия баррасӣ карданд
astanaОстона ба баргузории мулоқоти навбатӣ доир ба Сурия омодагӣ мебинад
Boko-haramНеруҳои амнияти Нигерия беш аз 210 асири «Боко ҳарам»-ро озод намуданд
MosulШумораи гурезагон аз Мосули Ғарбӣ тақрибан ба 100 ҳазор нафар расид