Соли ҷавонон барои ҷавонон имтиҳон ва масъулияти бузург аст

Февраль 10, 2017 17:50

ДУШАНБЕ, 10.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 10 феврал дар Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ҷамъомад баргузор гардид.
Тавре хабарнигори АМИТ «Ховар» хабар дод, дар ҷамъомад кормандони ҷавони Кумита, намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷавонони фаъоли ноҳияҳои шаҳри Душанбе ширкат доштанд.
Муовини раиси кумита Тоҷиддин Ҷуразода зикр дошт, ки воқеан ҳам Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 барои насли ояндасоз масъулият аст. «Мо бояд ҷумҳуриамонро ҳамчун созандагони Ватан рушди бештар диҳем. Ҳар як ҷавони бо нангу номуси Тоҷикистон сиёсати ба роҳ мондаи Пешвои маллатро бояд ҳаматарафа ҷонибдорӣ намояд ва барои созандагию бунёдкорӣ кӯшиш кунад»,-илова намуд Тоҷиддин Ҷуразода.
Муовини Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода баён намуд, ки эълон гаштани соли 2017 ҳамчун Соли ҷавонон аз ҷониби Пешвои миллат нишонаи боварӣ, таваҷчуҳ ва ғамхорӣ ба ин қишри ҷомеа мебошад. «Президенти кишвар аз рӯзи аввали соҳибистиқлӣ ба ҷавонон таваҷҷуҳ зоҳир менамуданд. Ҳатто дар лаҳзаҳои бисёр вазнини кишвар- моҳи марти соли 1992 аввалин санади меъёрӣ- ҳуқуқии вобаста ба ҷавонон қабул гардида буд. Баҳри татбиқи сиёсати ҷавонон ва барои сазовор гаштан ба боварӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ нақшаи алоҳида омода намудааст. Мо дар якҷоягӣ ин нақшаро амалӣ хоҳем кард»,-афзуд Ҳабибулло Амирбекзода.
Корманди ҷавони Кумитаи рушди маҳал Солор Салоҳиддинов иброз дошт, ки ҷавонон бояд нисбат ба дигар қишрҳои ҷомеа фаъолтар бошанд. «Ҷавонони тоҷик бояд ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд. Рамзҳои давлатӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд ва бо неруи созанда дар ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоии кишвар ширкат кунанд. Соли ҷавонон барои мо ҷавонон имтиҳон ва масъулияти басо бузург аст ва ҳар як ҷавони тоҷик аз дастгириҳои давлату ҳукумат бояд истифода намояд»,-зикр намуд Солор Салоҳиддинов.

Февраль 10, 2017 17:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд