Созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Афғонистон дар оянда ба тасвиб мерасад

Февраль 6, 2017 17:25

ДУШАНБЕ,06.02.2017/АМИТ«Ховар»/. Ояндаи наздик Парлумони Тоҷикистон Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон оид ба истирдодро ба тасвиб мерасонад. Масъалаи мазкур 6 феврал дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони мамлакат, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров, Раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд.
Дар ҷаласаи Шӯро ҳамзамон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» муҳокима гардид. Таъкид гардид, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади аз байн бурдани иҷозати дукарата барои амалигардонии фаъолият оид ба чопи қоғазҳои қиматнок пешниҳод гардидааст.
Дар Шӯро ҳамчунин раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон назару пешниҳодоти худро барои боз ҳам такмил додани лоиҳаи қонуни мазкур, моҳият ва зарурати он изҳор доштанд.
Дар фарҷом масъалаҳо барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми палатаи поёнии Парлумон кишвар пешниҳод гардиданд.

Февраль 6, 2017 17:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд