Тақдими китоб бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ

Февраль 15, 2017 14:44

ДУШАНБЕ, 15.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи ба номи А. Баҳоваддинови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашни Наврўзи байналмилалӣ дирӯз теъдоди муайяни китобҳои ба нашр расонидаи олимони институтро ба китобхонаҳои донишгоҳу донишкадаҳои ҷумҳурӣ тақдим намуд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Академияи илмҳои Тоҷикистон хабар доданд, ҷилдҳои нодири «Таърихи фалсафаи тоҷик» ва баъзе аз ҷилдҳои «Осори Ибни Сино» аз қабили китобҳои ҳадяшуда буданд. «Ин амал ба хотири баланд бардоштани майли инсонҳо ба мутолиаи осори илмии ниёгонамон дар байни доираи васеи донишҷўёну омўзгорони мактабҳои олӣ роҳандозӣ шудааст. Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ тасмим гирифтааст дар арафаи ҷашни Наврўз иқдоми ҳадя кардани китобҳои классикони фалсафаи тоҷикро ба китобхонаҳои кишвар роҳандозӣ намояд»,-хабар дод манбаъ.
Лозим ба ёдоварист, ки олимони Институти фалсафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқ инчунин ба тарҷумаи осори намояндагони фалсафаи классикии халқи тоҷик ба забони русӣ машғуланд.

Февраль 15, 2017 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид