Тармафароӣ роҳи Хоруғ-Душанберо боз ба рӯи мусофирон баст

Февраль 15, 2017 14:46

ХОРУҒ, 15.02. 2017. /АМИТ «Ховар»/. Ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании ВМКБ  ҳаракати  мошинҳои боркашу мусофирбарро дар роҳи Хоруғ — Душанбе манъ кард. Навбатдори ин ситод Лоиқ Холиқназаров гуфт, ки дар давоми камтар аз як шабонарӯзи боришот ғафсии барф то 30 см ва дар баъзе аз минтақаҳои шарқи ВМКБ то ба 50 см расид. Ин боиси афзоиши миқдори  зиёди тармаҳо дар роҳҳои мошингард гардид ва ситоди ҳолатҳои фавқулода бо мақсади ҷилавгирӣ аз ҳодисаҳои нохуш аз ронандагон тақозо кард, ки то қатъи боришот аз сафар ба пойтахти кишвар ва ноҳияҳо  худдорӣ варзанд.

Иҷрокунандаи вазифаи ситоди мазкур Шуҳрат Шоисматов гуфт, ки як мошини мусофирбар дар деҳаи Ёмҷи ноҳияи Шуғнон зери тарма монд, аммо онро зуд наҷот доданд. Касе дар ин ҳодиса осеб надид. Ҳоло тасмим гирифтем, ки дар баъзе аз деҳоти вилоят дидбонгоҳҳои иловагӣ ташкил намоем, то ҳаракати мошинҳоро назорат кунанд.

Боронгариҳои шадид  муҳлати таътили иҷбории муассисаҳои таълимиро дарозтар кард. Мутобиқи фармони Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ин таътил то 10  феврал муқаррар шуда буд, аммо вазъи ҳаво боз ҳам бадтар шуд ва таҳсил то беҳ шудани ҳаво ба таъхир афтод.

Февраль 15, 2017 14:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд