Ташкилкунандаи эҳтимолии ҳамла ба маркази дилхушии шабона дар Истанбул боздошт гардид

Февраль 15, 2017 12:01, 97 хонанда

Хабарҳои мавзӯъ

Stambul

ДУШАНБЕ, 15.02.2017 /АМИТ «Ховар»/. Гумонбар дар ташкил кардани ҳамлаи шаби Соли нав ба маркази дилхушии «Reina» дар минтақаи Ортакейи Истанбул боздошт гардид. Тафсилоти амалиёт оварда нашудааст. Дар ин бора агентии ТАСС бо истинод ба гузориши шабакаи телевизиони «Sky News Arabia» хабар дод.
Бино ба гузориши шабака, боздоштшуда зодаи Туркия буда, дорои шаҳрвандии Франсия мебошад. Ӯро мақомоти Туркия ба хотири бо гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (ДИ, мамнуъ дар Тоҷикистон) алоқа доштан ба феҳристи шахсони дар ҷустуҷӯ қарордошта шомил карда буданд.
Чанде пеш иҷрокунандаи ҳамлаи террористӣ сокини Ӯзбекистон Алдулқодир Машарипов изҳор дошт, ки аз шахсе бо номи Абуҷоҳид, ки бо ӯ шахсан мулоқот накардааст, дастур мегирифт. Ин шахс ба воситаи хаткашон ба суроғаи мерган (тирандоз) автоматро бо 6 мағозаи пур ва 3 норинҷаки дастӣ ирсол мекунад.
Ёдовар мешавем, ки шаби Соли нав бар асари ҳамла ба маркази дилхушии шабонаи Истанбул 39 нафар қурбон шуданд, ки 16 нафари онҳо шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла Россия, Арабистони Саудӣ, Марокаш, Йордания, Лубнон, Либия ва Исроил буданд.
Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» бар зимма гирифта буд.

Февраль 15, 2017 12:01, 97 хонанда

Хабарҳои дигари ин бахш

Turtsiya-1Туркия Женеваро майдони асосии ҳалли буҳрони Сурия хонд
Afganstan-lavinaДар шимоли Афғонистон бар асари бориши барф ва сармо 14 нафар ба ҳалокат расиданд
Irak-MosulНеруҳои Ироқ 14 деҳаи атрофи Мосулро дар давоми як шабонарӯз озод карданд
migrant8_700Германия нақша дорад шумораи рекордии муҳоҷиронро ихроҷ намояд
SomaliШумораи қурбониёни таркиш дар бозори пойтахти Сомалӣ ба 39 нафар расид
Glava-MID-PolshiАъзои Иттиҳоди Аврупо метавонанд аз Британия ибрат гиранд
VuchichСарвазири Сербия қарор дод, ки дар интихоботи президентӣ иштирок намояд
Lavrov-i-StoltenbergЛавров бо Столтенберг дурнамои муносибатҳои Россия ва СААШ-ро баррасӣ кард
Bagdad-2Шумораи қурбониёни таркиш дар Бағдод ба 55 нафар расид
donald-trampДоналд Трамп ваъда дод, ки ҳафтаи оянда оид ба муҳоҷират фармони нав ба имзо мерасонад
London-1Дар фурудгоҳи Лондон мардеро бо гумони содир намудани амали террористӣ боздошт карданд
Vzryv-PakistanШумораи қурбониёни таркиш дар Покистон ба 72 нафар расид