Таъсиси Маркази ягонаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ

Февраль 2, 2017 15:23

Алока (2)ДУШАНБЕ, 02.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маркази ягонаи алоқаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ таъсис дода шудааст. Таъсиси маркази мазкур бо мақсади таъмини назорат ва танзими трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалӣ, алоқаи барқӣ ва интернет буда, иҷрои он барои тамоми субъектҳои хоҷагиҳои соҳаи алоқа ҳатмӣ мебошад. Дар айни замон маркази мазкур ба кори худ оғоз намуда, барои ба роҳ мондани дигар самтҳо корҳои дахлдор идома доранд»,- зикр шуд имрӯз аз ҷониби масъулини Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нишасти матбуотии ин ниҳод.
Ба гуфтаи муовини аввали Раиси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Абураҳмонзода, Маркази ягонаи алоқаи коммуникатсионии алоқаи барқӣ барои таъмини назорат ва танзими трафикҳои воридотию содиротии хизматрасониҳои байналмилалӣ, алоқаи барқӣ ва интернет ба роҳ монда шуда, иҷрои он барои тамоми субъектҳои хоҷагиҳои соҳаи алоқа ҳатмӣ мебошад.
Ҳамчунин зикр карда шуд, ки вазъи хизматрасонии алоқа дар ҷумҳурӣ қаноатбахш буда, барои дар мавеъҳои дурдаст дастрас намудани алоқа тамоми имкониятҳо сафарбар карда шудаанд.

Февраль 2, 2017 15:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд