Тоҷикон аз қадим либосҳои зебои занона дошта, ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуданд

Февраль 22, 2017 11:45

ДУШАНБЕ, 22.02.2017 /АМИТ «Ховар»/.Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо занону духтарони фаъоли кишвар таъкид намуда буданд, ки ҳисси бегонапарастӣ ва тақлидкорӣ дар мавриди сару либос ва рафтору гуфтор дар байни занону духтарон метавонад ба устувории рукнҳои фарҳанги миллӣ таъсири манфӣ расонад.
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хотиррасон намуданд, ки мувофиқи сарчашмаҳои илмии этнографӣ халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошта, ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Дар суннати анъанавӣ низ сиёҳпӯшӣ раво набуда, ҳатто либоси мотамии мардуми мо сиёҳ нест.
«Аммо баъзе занону духтарони тоҷик сиёҳпӯшӣ карда, таърих ва моҳияти ин тарзи либоспӯширо намедонанд ва ҳатто донистан намехоҳанд. Агар иддае ба хотири тақлид ба ин тарзи либоспӯшӣ завқ пайдо карда бошанд, баъзеҳо бо мақсади таблиғи ақидаҳои таҳмилӣ ин либосро миёни занону духтарони мо паҳн карда, мехоҳанд дар кишвар боз як ҷараёни нави ифротиро ҷорӣ намоянд»,- изҳори нигаронӣ карданд Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон.
Воқеан ҳам либосҳои миллӣ аз арзишҳои арзандаи миллат маҳсуб шуда, дар онҳо хусусиятҳои хоси ҳар қавму миллат ва табиати он сарзамин ифода мегардад ва инъикосгари тахайюли бойю рангини мардумонаш мебошад.
Пӯшида нест, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ миёни мардумони Осиёи Миёна тақлиду пайравӣ дар либоспӯшӣ ба фарҳанги Ғарб афзуда, таваҷҷуҳ ба либоси миллӣ коҳиш ёфт. То ҷое ки баъзеҳо либосҳои миллиро танҳо дар рӯзҳои тӯй ва мотам ба бар мекарданд.
Ҳамин талаботи нисбатан ками мардум дар ҷумҳурии мо низ сабаб гардид, ки дар он солҳо саноати истеҳсоли либоси миллӣ рушд накард. Хусусан мавқеи либоси миллии мардонаи тоҷикӣ то ҷое танг гардид, ки ба меҳмонони хориҷӣ инъом гардиданаш ба ҳукми анъана даромада, онро баъзе аз санъаткорон танҳо ҳангоми ҳунарнамоӣ дар саҳнаҳои театру телевизион истифода мебурданд.
Хушбахтона, солҳои соҳибистиқлолии кишвар сару либосҳои миллии занона, ки аз матои атласу чакан дӯхта мешаванд, дар арсаи ҷаҳонӣ фарҳанги миллати тоҷикро муаррифӣ намуда, бо ҷилои наву тоза ба бозори истеъмолӣ ворид гардиданд.
Бо дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир ҳунарҳои мардумӣ ва тарроҳӣ равнақ ёфта, як зумра мутахассисони баландихтисоси ин соҳа рӯи кор омаданд. Имрӯзҳо тарроҳону дӯзандагони моҳир намудҳои ҷадиди либоси тоҷикиро пешкаши бонувони мо мегардонанд, ки шинаму зебоянд.
Хусусан либосҳои миллии моро бо завқу рағбати зиёд ба бар намудани занони хориҷӣ аз зебо будан ва рушди он дарак медиҳад.
Боиси хушнудист, ки солҳои охир дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ мақомоти марбута бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи мардум ба эҳёи расму суннатҳои ниёгонамон тадбирҳои судманд андешида истодаанд, ки лоиқи дастгирист. Ҳар чорабинии фарҳангие, ки дар ин ноҳияҳо доир мегардад, ҳатман як ҷузъи он ба тарғиби либоси миллӣ ихтисос дода мешавад.
Чанд рӯз пеш дар ноҳияи Варзоб бо ибтикори бахши кор бо занон ва оилаи ноҳия Фестивали ҳунарҳои мардумӣ ва озмуни «Моҳпайкари Наврӯзӣ» баргузор гардид. Яке аз шартҳои асосии фестивали мазкур намоиши либосҳои миллӣ буд. Мавлуда Мирзоева, мудири бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Варзоб зикр кард, ки намоиши либосҳои миллӣ аз чанд ҷиҳат ба манифати кор аст. Аввал ин, ки таваҷҷуҳи ҷавонон ба либосҳои миллӣ ва ҳунарҳои тарроҳиву дӯзандагӣ зиёд мегардад, дигар ин ки теъдоди зиёди занони бекори хонашин бо кори хонагӣ таъмин гардида, ба буҷаи оилаашон даромад ворид месозанд.
Дар ин маврид Моҳбону Хайриддинзода, омӯзгори фанни таълими меҳнати муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №49-и шаҳри Душанбе изҳор дошт, ки агар дар пойтахти кишвар занону духтарон бештар пайравӣ ба либоспӯшиву фарҳанги Аврупо намоянд, дар рустоҳои дурдаст занону духтарон ба сатру либосҳои истеҳсоли туркияву иронӣ шавқу мароқ пайдо кардаанд. Ҳол он ки насли имрӯзи тоҷик аз ниёгони санъатвару чирадасти хеш гулу чакандӯзӣ, зару зеваророӣ ва садҳо пешаву ҳунарҳои асилро ба мерос гирифтааст.
«Албатта, барои онҳое, ки дар вазоратхонаву кумитаҳо ва дигар мақомоти давлатӣ кору фаъолият доранд, пӯшидани либоси расмии шабеҳи шакли аврупоӣ шояд зарурат дошта бошад. Аммо ба дигар занҳо пӯшидани либосҳои туркиву иронӣ ва ҳиндӣ чӣ зарурат дорад? Онҳо дарк намекунанд, ки тарғиби фарҳанги бегона, ба хусус ҳаваси бепоя ба либоспӯшии туркӣ ва дигар кишварҳо теша бар решаи фарҳанги миллати хеш задан аст»,- афзуд М.Хайриддинзода.
Номбурда ҳамчунин зикр кард, ки солҳои охир занону духтарони тоҷик ба тамошои филмҳои туркӣ аз ҳад зиёд дода шудаанд, ки яке аз сабабҳои ба фарҳанги либоси бегона майл пайдо кардани онҳо гардидааст.
Қурбоналӣ Саидов, сокини пойтахт вобаста ба ин пешниҳод кард, ки тарроҳону фарҳангшиносони тоҷик роҷеъ ба одоби либоспӯшӣ дар хонаву коргоҳ ва ҷойҳои ҷамъиятиро таҳия ва пешниҳоди занону духтарони тоҷик намуда, ҷиҳати рушди саноати истеҳсоли либоси миллӣ дар сатҳи давлатӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.
Ситора Муродова, сокини дигари пойтахт, мегӯяд, ки, мутаассифона, баъзе занонро шавҳарон ба пӯшиши либоси бегона маҷбур мекунанд. Ин шавҳарони тангназар боиси аз таҳсил дар канор мондани духтаронашон низ мегарданд.
Хушбахтона, баъди андешидани тадбирҳои судманд ҷиҳати пешгирии пӯшидани сарбандҳои сиёҳи туркию иронӣ рӯз аз рӯз теъдоди намоишкорони фарҳанги бегона дар кӯчаву бозорҳои кишвар кам мешаванд.

Рухсораи НУР

Февраль 22, 2017 11:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Маърифати ҳуқуқӣ ва экологӣ — омили ободкориву созандагӣ. Эҳдо ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
11 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ МУБОРИЗА БО ПАРКИНСОН. Ин беморӣ чӣ тавр муолиҷа мешавад?
ЗАНГӮЛАИ ҲУШДОР ВА Ё ҲИДОЯТҲОИ НАВИНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат
КАСБОМӮЗИИ ҶАВОНОН — ТАҚОЗОИ ЗАМОН. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин
10 АПРЕЛ-РӮЗИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ба ташкили ин сохтори низомӣ 33 сол пур шуд
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар таркиби бодоми талх витамини B 17 мавҷуд буда, истеъмоли он ҳуҷайраҳои саратонро нест менамояд
СОЛИМИИ ҶОМЕА-БОИГАРИИ ДАВЛАТ. Бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим 7 апрел Рӯзи ҷаҳонии саломатӣ эълон шудааст
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон мактаби шуҷоату мардонагӣ аст
ТЕРРОРИЗМ ЧИСТ? ТЕРРОРИСТ КИСТ? Чаро як фард тамоми арзишҳои инсониро канор гузошта, ба ин роҳи манфур меравад?