Универсида дар Қазоқистон ба анҷом расид

Февраль 9, 2017 17:16

ДУШАНБЕ, 09.02.2017/АМИТ «Ховар»/. Универсиадаи 28-уми ҷаҳонии зимистона дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон бо ширкати беш аз ду ҳазор варзишгар аз 57 кишвари олам ба анҷом расид. Се нафар варзишгарони тоҷик Соҳибназари Турсунмурод, Сайфиддини Низомиддин ва Дониёр Каримов аз рӯи гигант слалом (GS) ё слаломи бузург ва слалом ҳунарнамоӣ карданд. Соҳибназари Турсунмурод дар даври аввал бо натиҷаи 1:26.88 ҷойи 74-умро соҳиб шуд. Сайфиддини Низомиддин бо натиҷаи 1:34.33 ҷойи 76-умро гирифт. Вале Дониёр Каримов ба марра нарасид.
Миёни таҷрибадорон варзишгарони мо натавонистанд, ки соҳиби медалҳои бозиҳо гарданд. Дар Универсиада-2017  Россия бо дарёфти 27 нишони тилло, 26 нуқра ва 15 биринҷӣ соҳиби мақоми аввал гардид. Мизбонони чорабинӣ дар маҷмӯъ аз рӯи медалҳои ба дастоварда, мақоми дуюмро касб карданд. Универсиадаи 29-уми ҷаҳонии зимистона соли 2019 дар шаҳри Красноярски Россия гузаронида хоҳад шуд.

Ҷой Кишвар Тилло Нуқра Биринҷӣ Ҳамагӣ
1  Россия 29 27 15 71
2  Қазоқистон 11 8 17 36
3  Кореяи ҷанубӣ 11 5 5 21
4  Япония 6 12 10 28
5  Полша 5 2 5 12
6  Италия 4 0 0 4
7-8  Чин 3 2 2 7
7-8  Франсия 3 2 2 7
9  Беларус 3 2 1 6
10  Украина 2 2 4 8
11  Чехия 1 2 4 7
12  Латвия 1 0 0 1
13  Ҳоланд 0 3 1 4
14  Швейтсария 0 2 2 4
15  Олмон 0 2 1 3
16-17  Финляндия 0 2 0 2
16-17  Словения 0 2 0 2
18  Австрия 0 1 4 5
19-20  Австралия 0 1 0 1
19-20  Америка 0 1 0 1
21  Шведсия 0 0 3 3
22  Словакия 0 0 2 2
23-24  Арманистон 0 0 1 1
23-24  Норвегия 0 0 1 1
Ҳамагӣ 68 68 70 206[10]

 

 

Февраль 9, 2017 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд