«Ҷуз сухани ганҷ магӯ…» дар саҳнаи Аҳорун

Февраль 11, 2017 12:00

АхорунДУШАНБЕ. 11.02.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аҳли эҷоди Театри «Аҳорун» имрӯзҳо бо таҳияи намоиши нав бо номи «Ҷуз сухани ганҷ магӯ…» машғул буда, ният доранд, ки онро то охири моҳи ҷорӣ манзури тамошобинон гардонанд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, намоиш аз ҷониби Шӯрои бадеии театр қабул гардида, сабки хоси театр дар шакли манзум ба роҳ монда шудааст. Муаллиф Шамсия Қосимова онро дар асоси осори Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ ва Ҳаким Абӯалӣ Сино таҳия намудааст. «Ҷуз сухани ганҷ магӯ» дар бораи зиндагии ориф ва олими шинохтаи Шарқ Абӯалӣ ибни Сино нақл мекунад.
Коргардони намоиш Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сабоҳат Қосимова иброз дошт, ки алҳол корҳои ороишӣ, тамрин ва таҳияи декор, ки ҳунари кандакориро талаб мекунад, идома доранд.

Февраль 11, 2017 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд